Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э.Раҳмон бо раҳбарони хадамоти амниятии ИДМ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони хадамоти амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе мулоқот кардааст.

Рӯзи 21-уми май дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шӯрои раҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси кишарҳои ИДМ ба кор оғоз кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш аз вазъ дар Афғонистон нигаронӣ карда ва гуфтааст, "имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари қаламрави давлатҳои гуногунро фаро мегирад".

Оқои Раҳмон ҳамзамон таъкид кардааст, ки баъзе аз кишварҳо дар муносибат бо гурӯҳҳои экстремистӣ аз сиёсати "меъёрҳои дугона" истифода мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш низ ин суханронро дар як нишасти дигари байналмилалӣ дар Душанбе баён карда буд.

Тоҷикистон марзи ҷанубии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад. Мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар гузашта борҳо аз таҷаммӯи гурӯҳҳои тундгаро дар шимоли Афғонистон ҳаммарз бо Афғонистон нигаронӣ карда буданд. Аввалҳои соли ҷорӣ мақомоти марзбонии Тоҷикистон шумораи ҷангҷӯёнеро, ки дар вилоятҳои ҳаммарз ҷамъ омадаанд, 6 ҳазор гуфта буданд.

XS
SM
MD
LG