Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Афғонистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми май дар ҳошияи Конфронси "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил", бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон мулоқот кардааст. Ин нишаст бо ибтикори Иттиҳодияи Аврупо, САҲА ва ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 16-17-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Салоҳиддин Раббонӣ роҷеъ ба масоили муносибатҳо ва ҳамкориҳои ин ду кишвари ҳамсоя, гуфтугӯ карданд.

Манбаъ мегӯяд, ки масоили амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир, аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Салоҳиддин Раббонӣ будааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот ба аҳамияти ҳамкории васеъ ва якҷояи кишварҳо дар мубориза ба гурӯҳҳои террористӣ таъкид кардааст.

Ҳамчунон, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энержӣ, маориф, фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ ва иттилоот, низ гуфтугӯ намуданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш имкон дорад ба таври имтиёзӣ барои Афғонистон ҳазорон мутахассиси арсаи барқ, беҳдошт, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳсозӣ, роҳи оҳан, сохтмон, меъморӣ ва кадрҳои илмиро тарбия намояд.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи 1400-километрӣ дорад. Мақомоти тоҷик борҳо аз таҳдиди гурӯҳҳои ифротгаро, қочоқи маводи мухаддир ва таҷаммӯи афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар марзҳои худ бо Афғонистон, ибрози нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG