Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯчи садҳо оила ба хотири ояндаи кишвар. Гузориш аз "қаър"-и обанбори Роғун. ВИДЕО


Оби обанбори Роғун тадриҷан ҷамъ шудаву сатҳаш боло меравад ва оқибат 40 деҳаи болообро ба қаъри худ мекашад. Кӯчондани аҳолӣ аз ин ҷо яке аз вазифаҳои мушкили ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳамеша интиқод мешуд. Сафар ба ин деҳаҳо вазъи наверо намудор кард.

Мақомот мегӯянд, ки сокинон дар ҷойи нав бо замин ва пул таъмин мешаванд. Вале дар гузашта созмони Human Rights Watch аз нақзи ҳуқуқи сокинон ҳангоми кӯч додани онҳо аз як мавзеъ ба мавзеи дигар танқид карда буд. Ҳоло, ба гузашти вақт, раванд ба куҷо расид ва чӣ гуна пеш меравад?

Деҳаи холии Чанор

Дар як деҳаи замоне бузурги Чанор, воқеъ дар ноҳияи Нуробод, ҳамагӣ 16 оила мондааст, ки дур аз ҳам ва дар гӯшаҳои гуногуни деҳа зиндагӣ доранд.

Аксар хонаҳо дар ин деҳаи то чанде пеш ободу пуродам ҳоло холӣ ва вайрона ба назар мерасанд. Сокинони деҳаи Чанор дар қатори аҳолии 6 деҳаи дигари Нуробод, ки дар минтақаи зериобшавандаи Роғун қарор доранд, аз замини бобоии худ кӯч бастаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Гузориш аз "қаър"-и обанбори Роғун
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Ба ҷуз чанд оила, ки акнун баъзе бо дили нохоҳам, вале бо умеди зиндагии беҳтар дар ҷойи нав, ба тарки зодгоҳи худ омодагӣ мегиранд.

Ба Файзободу Турсунзода ва Данғара

Муҳоҷират аз замини бобоӣ, ба вижа барои бузургсолони деҳ, ки дар ин мавзеъ таваллуд шуда, тамоми умри худро сипарӣ кардаанд, ба осонӣ даст намедиҳад. Раҳимҷон Ҳақназаров, ба фарқ аз аксар ҳамсояҳояш, ки чанд сол боз дар шаҳри Турсунзода ва Данғара зиндагӣ доранд, ҳанӯз ҷое куч набастааст.

Дар сӯҳбат бо мо, ӯ бо майли зиёд аз таърихи деҳи Чанор ва чойхонаи маъруфи он ки замоне макони ҷамъшавии пиру ҷавони деҳ буд, қисса кард. Чаҳор насли гузаштаи Ҳақназаров дар Нуробод ба хок супурда шудаанд ва тарки ин макон барои ӯ сахт аст.

“Боду ҳавои тозаи инҷо ба ҳеч чиз намеарзад. Дар ҳама хурсандиву мусибат якҷо будем. Оби тоза дорем, ки аз зери кӯҳ меояд. Молу гов дорем, кӯҳу пушта дорем. Ҳеҷ вақт мо ин манзараҳои зеборо фаромӯш намекунем”, -- нақл кард ӯ рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ.

“Гуфтанд, ки шароит муҳайёст, мо ҳам қабул кардем”

Ба гуфтаи Раҳимҷон Ҳақназаров, ба хотири ояндаи рӯшани кишвар ва сохтмони нерӯгоҳ омода шудааст, боғу замин ва хонаву дари, ба қавли ӯ, бо заҳмати зиёд сохтаашро тарк кунад. Ӯ барои худ Файзободро, ки ба зодгоҳаш наздиктар аст, маҳалли зист интихоб кардааст.

Ӯ гуфт: “Давлат ваъда кард, ки бо замину шароит таъмин мекунем ва кӯчида равед. Мо ҳам қабул кардем.”

Меҳроҷиддин Зайниддинов, ки дар ҳамсоягии Раҳимҷон зиндагӣ дорад, охирин омодагиҳояшро барои пурра кӯч бастан мебинад. Дар ҳоле ки дару тирезаи хонаашро канда, барои бурдан омода мекард, гуфт, волидон ва бародаронаш ба шаҳри Турсунзода кӯч бастаанд. Ба онҳо дар он ҷо замин ва барои хонасозӣ як миқдор пул додаанд. Дар хонаи падарӣ дар деҳи Чанор ҳоло фақат Меҳроҷиддин бо ҳамсараш мондааст.

Фурсат – то соли 2040

"Хонаи мо таърихи 26-сола дорад. Онро нав обод кардем ва боз меканем. То тирамоҳ пурра меравем. Ҳарчи барвақттар равем, ҳамон қадар хуб аст. Хонаи падарам дар Турсунзода алакай омода аст. Барои ман дар Пахтаобод, наздик ба марз замин додаанд. Баъд аз моҳи Рамазон сохтмони хонаро оғоз мекунем", -- афзуд ӯ.

Бино ба иттилои расмӣ, то имрӯз сокинони 6 деҳа аз Нуробод аксаран ба шаҳри Турсунзодаву Данғара кӯчонда шудаанд. Ҳоло корҳои омодасозӣ барои кӯчонидани 6 деҳаи дигар идома дорад. Дар маҷмӯъ, сокинони беш аз 40 деҳа дар ноҳияи Нуробод, ки дар мавзеи зериобшавандаи Роғун қарор доранд, бояд то солҳои 2030 - 2040 хонаҳои худро холӣ кунанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин ноҳия, марҳилаи аввали кӯч додани мардум пурра ба охир расида, марҳилаи дувум оғоз ёфтааст.

Барои анҷоми тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” ва бунёди обанбори асосии он, ки баландиаш ба 335 метр мерасад, ҳудуди 42 ҳазор нафар ё беш аз 7 ҳазор оила бояд аз маҳалли сохтмон ва обанбори он ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон кӯч дода шаванд.

20 миллион доллар барои кӯчондани мардум

Мақомот мегӯяд, зимни кӯчонидани мардум тамоми шароити онҳо дар ҷойи нав ба назар гирифта шудааст. Масъулони идораи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун” дар гузашта гуфтанд, ҳангоми кӯчондани мардум аз ноҳияи Нуробод ба ноҳияҳои дигар ба онҳо беш аз 200 миллион сомонӣ (20 миллион доллар) пули нақд додаанд.

Забеҳулло Эшонов, мудири бахши муҳоҷират дар ноҳияи Нуробод, ба Радиои Озодӣ гуфт, “рафти муҳоҷират, албатта, мушкилот дорад. Вале мардум розӣ аст ва ин иқдомро хуб қабул кардаанд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки ин барои беҳбуди Тоҷикистон ва ояндаи рӯшани мо аст. Тамоми ниҳодҳои масъул талош доранд, ки дар ин раванд, дар навбати аввал ҳуқуқи муҳоҷирон ҳифз карда шавад.”

Нигаронии созмонҳои ҳуқуқи башар

Ин дар ҳолест, ки соли 2014 пас аз як пажӯҳиши худ, Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch - HRW) аз нақзи ҳуқуқи сокинон дар ҷараёни маъракаи кӯч додани онҳо аз як мавзеъ ба мавзеи дигар интиқод карда буд. Дар гузориши ин созмон гуфта шуд, ки ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ба риояи меъёрҳои байналмилалӣ барои кӯч додан таъкид мекунад, оилаҳо барои аз нав сохтани манзил ҷуброни пурра намегиранд.

Бино ба ин гузориш, теъдоди бузурги оилаҳо дар таъмини худ бо манзил, ғизо, об ва таҳсил ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.

Мақомот мегӯянд, ҳоло вазъ дигар аст ва баръакс баъди кӯч додан дар минтақаҳои дигар аз ҷумла ноҳияи Данғара, шароити зиндагии мардум аз нигоҳи иқтисодӣ ва дастрасӣ ба замин беҳтар шудааст.

Мардум: Мо ба хотири “Роғун” розием, аммо ба як шарт

"Кӯҳистон чӣ қадар замин дорад? Бе ин обанбор ҳам бояд мардум муҳоҷирати ихтиёрӣ карда, мисле ки солҳои 49-ум аз Ҳоийт рафта буданд, аз куҳистон муҳоҷират мекарданд. Бо афзоиши аҳолӣ, таъминоти озуқаворӣ мушкил мешавад ин ҷо", -- мегӯяд Забеҳулло Эшонов, мудири бахши муҳоҷират дар ноҳияи Нуробод.

Баархе аз сокинон гуфтанд, кӯч на барои ҳама яксон тамом мешавад. Иддае ба шароити хуб даст ёфта, иддае дигар ҳам некӯаҳволии худро қурбон кардаанд. Вале бо ин ҳама аксарият тарҳи Роғунро барои кишвар муҳиму ҳаётӣ медонанд ва мегӯянд, мавзӯи рафтани онҳо дигар ҷойи баҳс надоранд. Танҳо хоҳишашон ин аст, ки дар макони нав шароит пурра муҳайё шавад ва бо ду дасти холӣ дар замини холӣ намонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG