Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъоварии дубораи об дар анбори Роғун сар шуд


Мақомоти нерӯгоҳи барқи обии Роғун хабари оғози дубораи обгирии анборро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки баъди анҷоми пурраи таъмир ва санҷиши комили чархаи аввали нерӯгоҳ баландии об то ба 60 метр бардошта шуда, чархаи аввал дубора ба кор андохта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешуд, об аз анбор "ба хотири таъмир ва санҷиши чархаи аввали нерӯгоҳ" ва таҳқиқи "обгузарондан"-и сарбанди обанбор сар дода шуд.Тибқи барнома ин ҳолат мебоист то 31-уми март анҷом меёфт, аммо тармим тӯл кашид ва сабаби қатъи барқ дар чанин минтақаи кишвар гардид.

Намояндагони ширкати итолиёвии “Имперҷилио Салинӣ” низ гуфтанд, ки соҳили рости сарбанд обанбор пурра таъмир шуда, муҳандиси ширкат ба оғози ҷамъоварии об дар обанбор иҷоза додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ дар девораи тарафи рости сарбанд полоиши об ба қайд гирифта шуд. Бо вуҷуди тасдиқи ин нукта, намояндаи ширкат нагуфт, оё гузариши об аз сарбанд мувофиқи меъёр буд ё зиёда аз он ва оё ин полоиш барои устувории сарбанд хатаре хоҳад дошт ё на?

Пештар раиси пешини ширкати "Барқи тоҷик", собиқадори риштаи энержии Тоҷикистон Баҳром Сироҷев, гуфта буд, ки мувофиқи лоиҳаи нерӯгоҳҳое, ки садди гиливу сангӣ доранд, полоиши як миқдор об аз сарбанд мумкин аст ва дар доираи меъёр будани он хатаре пеш нахоҳад овард.

Вай ҳамчунин изҳор дошта буд, ки қатъи кори чархи нерӯгоҳи барқи обии Роғун сабаби бебарқии ахир дар кишвар буда метавонад, зеро он мебоист, 115 мегаватт барқ медод.

Ба гуфтаи манбаъҳои дигар, бо назардошти ин тавонмандии Роғун энергетикҳо дар фасли зимистон ниреӯгоҳҳои поёноби маҷрои рӯди Вахшро пурра истифода бурданд ва дар фасли зимистон мардуми кишвар бо барқ таъмин гашт. Аммо дар натиҷа сатҳи об дар обанбори онҳо поин рафт ва захираи об кофӣ набуд, то аз бебарқии ахир ҷилавгирӣ шавад.

Ду чархаи нахустини Роғун, ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда шаванд. Чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16-уми октябри соли 2018 ба истифода дода шуд.

Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамон вақт оғоз ёфта буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ намуд.

Айни замон сармоягузории ин тарҳ бо мушкил мувоҷеҳ шудааст ва чанде пеш Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ хост, ки барои ҷалби сармоя ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" кумак кунад. Аммо Бонки ҷаҳонӣ ба дархости Тоҷикистон посухи рӯшан намдодааст.

XS
SM
MD
LG