Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз дипломатҳояш хост, Ироқро тарк кунанд


Посбоне дар як маркази тиҷоратӣ дар Карбалои Ироқ
Посбоне дар як маркази тиҷоратӣ дар Карбалои Ироқ

Бо шиддат гирифтани таниш байни Амрикову Эрон, сафорати Амрико дар Бағдод гуфт, дастур гирифтааст, ки тамоми кормандонеро, ҳузурашон дар сафорат ҳатмӣ нест, аз Ироқ хориҷ кунанд.

Сафорат рӯзи 15-уми май бо нашри як баёния гуфт, ки дастурро аз вазорати умури хориҷии Амрико гирифтааст. Ба гуфтаи вазорат, амри тарки Ироқ ҳам ба кормандони сафорат ва ҳам ба дипломатҳо дар консулгарии Амрико дар Ирбил маркази Курдистони Ироқ дахл дорад.

Дар баёния омадааст: “Додани раводид дар ҳарду намояндагӣ муваққатан қатъ мешавад. Ҳукумати Амрико имконот барои расонидани хадамоти фаврӣ ба шаҳрвандони Амрико дар Ироқро маҳдуд кард. Ба гуфтаи сафорат, онҳое, ки дастур гирифтаанд, бояд ҳарчӣ зудтар Ироқро тарк кунанд.

Сафорати Амрико рӯзи 12-уми май ба шаҳрвандони Амрико тавсия дод, ки бо назардошти мавҷудияти хатар ба Ироқ сафар накунанд, вале нагуфт, ки чӣ гуна хатар зиёд шудааст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳафтаи гузашта ғайриинтизор ба Бағдод рафт ва дар онҷо бо мақомоти ироқӣ, нигарониҳои амниятии Амрико ва ба қавли ӯ “зиёд шудани фаъолиятҳои Эрон”-ро баррасӣ кард. Пештар аз ин Вашингтон гуфт, ки дар вокуниш ба таҳдидҳои Эрон ба манофеи Амрико дар минтақа, як нови ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бомбаафканро ба Ховари Миёна фиристодааст.

XS
SM
MD
LG