Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, 16 мард ва 4 зане, ки аз Сурия ба ватан баргашта буданд, бо гумони даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ боздошт шуданд.
Ержан Ашикбоев рӯзи 13 май дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Гумонбаронро дар шаҳрҳои Нурсултон, Атирау, Урал, Оқтеппа, Қарағанда ва Чимкент дастгир карданд. 55 зану кӯдаки дигар дар маркази махсуси тавонбахшӣ ҷойгир карда шуданд. Ҳоло ташхиси тиббӣ ва муайян кардани шахсияташон идома дорад."
Ба қавли ӯ, иштирокдорони фаъолиятҳои террористӣ бар асоси қонунгузории Қазоқистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ашикбоев гуфт, дар доираи амалиёти "Жусан", ки аз 7 то 9 май ҷараён дошт, бо дастгирии ИМА ва "Нирӯҳои демократии Сурия" беш аз 230 қазоқистонӣ аз Сурия ба ватан оварда шуданд.
Пештар раисҷумҳури муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо нашри як изҳорот гуфт, дар миёни шаҳрвандоне, ки дар доираи амалиёти "Жусан" ба ватан оварда шуданд, 156 кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон моҳи июли соли 2018 хабар дод, ки аз оғози ҷангҳо дар Ховари Миёна ҳудуди 800 шаҳрванди ин кишвар ба Ироқу Сурия рафтаанд.