Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Троллейбуси 250-ҳазор долларӣ дар Душанбе ба ҳаракат даромад. ВИДЕО


Рӯзи 10 май дар пойтахти Тоҷикистон чаҳор троллейбусе ба гардиш даромад, ки набудани барқу канда шудани хатти барқ ба онҳо таъсир надорад.

Ин троллейбусҳо ҳангоми ҳаракат бо сим, дар худ нерӯи барқро захира мекунанд. Ба гуфти ронандаҳо, дар ҳолати қатъи интиқоли нерӯи барқ, троллейбусҳо метавонанд, то 20 километр роҳро тай намоянд.

Қаблан мақомоти Душанбе гуфта буданд, ки ҳар кадом аз ин троллейбусҳоро ба қимати 250 ҳазор долларӣ харидаанд ва ин пулро Бонки аврупоии таҷдид ва рушд додааст. Ниме аз ин пул қарз ва ниме дигар кумаки билоиваз аст.

Феълан дар шаҳри Душанбе ҳудуди сад троллейбус ба хидматрасонии мусофирон машғул аст. Дар ними роҳ дармондани троллейбусҳо ва чеҳраи норозии мусофирон, ки ба ҷое шитоб доранд, тасвири барои пойтахти Тоҷикистон шинос аст. Дар ин шаҳри пур аз мошин ва автобусу троллейбус, гоҳе мешавад, ки мусофир ба маконаш ба сахтӣ мерасад ва гоҳе дигар маҷбур аст таксӣ киро кунад.

Сокинони пойтахт мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо ҳанӯз ҳам мушкили мусофиркашонӣ боқӣ мондааст.

Воридоти чаҳор троллейбуси нав метавонад мушкили нақлиёти ҷамъиятиро дар пойтахти Тоҷикистон то ҷое ҳал кунад ва эҳсоси ронандаҳову мусофирон аз он чӣ буд? Ҷавоби суолро дар гузориши видеоӣ бинед:

Троллейбусҳои 250-ҳазор долларӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

XS
SM
MD
LG