Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео сафараш ба Берлинро лағв кард ва ба Бағдод рафт


Вазири умури хориҷии ИМА Майк Помпео шаби сешанбе дар доираи як сафари ғайриэъломшуда вориди Ироқ шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои Reuters, France Presse ва расонаҳои арабӣ бо истинод ба манобеи худ дар ҳукумати Ироқ хабар доданд.

Сафари Помпео ба Бағдод то ҳол расман тасдиқ нашудааст. Манобеъ мегӯянд, сабаби эълом нашудани сафар таъмини амният ва мавзуъҳое ҳастанд, ки бояд дар ҷараёни он баррасӣ шаванд.

Пештар, рӯзи сешанбе котиби давлатии ИМА ғайриинтизор сафари худро ба Берлин лағв кард. Дар сафорати ИМА дар Олмон гуфтанд, сафар ба хотири "масъалаҳои фаврӣ"-е бекор карда шуд, ки Помпео бояд онҳоро ҳал кунад. Ҷузъиёти дигаре гуфта нашуд.

Помпео ахиран бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров дар Финляндия мулоқот карда, қарор буд, рӯзи чаҳоршанбе аз Лондон боздид кунад. Ҳамчунин сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, котиби давлатии ИМА 14-уми май ба Сочӣ меравад.

Сафари ногаҳонии Помпео ба Ироқ эҳтимолан ба хабарҳои ахир дар бораи афзоиши сатҳи хатарҳо аз сӯи Эрон рабт дорад. Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон гуфт, ба Халиҷи Форс киштиҳои ҳавопаймобари иловагӣ фиристода шуда, шумори ҳамопаймоҳои зарбазанро дар Шарқи Наздик афзоиш хоҳанд дод.

"Садои Амрико" бо истинод ба Пентагон гуфт, тибқи иттилои дастрас кардаи низомиёни амрикоӣ, "нирӯҳои Эрон ба ҳамлаи эҳтимолӣ зидди низомиёни ИМА дар минтақа омодагӣ мебинанд".

XS
SM
MD
LG