Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров. Зодрӯз дар зиндон баъди ҷазои сангин


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар рӯзи 65-солагиаш дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе қарор дорад. Ба гуфтаи наздикон, ӯ аз он шод аст, ки муҳлати ҷазои сесолааш дар шароити сангини зиндони Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) ба поён расид.

Искандаров 15 сол пеш дар шаҳри Маскав рабуда ва ба Тоҷикистон оварда шуд. Моҳи октябри соли 2005 Додгоҳи олӣ ӯро аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризм, бандитизм, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳу муҳофизон ва дуздии маблағи давлатӣ муҷрим шинохт ва 23 сол зиндонӣ кард.

Ҷонибдорони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров то ба ҳол иддао доранд, ки маҳкумияти раиси Ҳизби демократ ангезаи сиёсӣ дорад. Ба бовари онҳо, таъқиби Искандаров баъди эълони тасмими ӯ дар бораи иштирок дар интихоботи президентии Тоҷикистон оғоз шуд. Аммо мақомот мегӯянд, ӯ ҷавоби, ба қавли онҳо, қонуншиканиҳоро додааст.

Яке аз наздикони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров рӯзи 3 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкилтарин марҳилаи будубоши ӯ дар зиндон се соли охир будааст. Дар пайи як мусоҳибааш бо матбуот аз дохили зиндон, Искандаровро муҷозот карданд ва аз Душанбе ба зиндони шаҳри Бохтар ба шароити сангинтар фиристоданд.

Темур Тошев, бародари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки дар Шветсия паноҳанда шудааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наздики ду моҳ пеш мӯҳлати муҷозоти ӯ анҷом ёфт ва Искандаровро дубора ба як зиндони шаҳри Душанбе бурданд.

Ба гуфтаи Темур Тошев, давоми се соли гузашта дидору мулоқот ва тамосҳои наздикон бо Искандаров хеле маҳдуд ва зери назорати шадид буд. Худи Тошев аз забони собиқ зиндониҳои маҳбаси Бохтар шунидааст, ки собиқ раиси демократҳоро “дар утоқе танҳо ва дар шароити бад” нигаҳ медоштанд.

Темур Тошев
Темур Тошев

“Вале ҳоло, баъди бозгашт ба Душанбе, саломативу ҳолаш хуб аст", -- гуфт ӯ ва афзуд, "як моҳ пеш тамоми хешовандон бо ӯ дидор карданд. Барояш иҷозаи мулоқоти шабона бо наздикон ҳам дода шуд. Аз ин ҷиҳат вазъияташ хуб шудааст ва аз чизе шикоят надорад. Саломатиаш ҳам хуб аст."

Ба гуфтаи наздикон, баъди афв ва кам кардани ду сол аз мӯҳлати зиндонаш барои пурра озод шудани ӯ 6,5 соли дигар мондааст. Тошев гуфт, хонавода умед дорад, ки мақомот мӯҳлати 15 сол дар зиндон будани Искандаровро ба эътибор гирифта, дубора нисбат ба ӯ қонуни афвро татбиқ мекунанд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, зодаи ноҳияи Тоҷикобод, солҳои ҷанги дохилӣ раҳбарии як гурӯҳи мусаллаҳ дар ҳудуди ин ноҳияро ба ӯҳда дошт. Вале баъди имзои созишномаи сулҳи ҳукумат ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин, расман раиси ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб ва бар асоси саҳмияи 30-дарсадӣ ба ҳайати ҳукумат шомил шуд. Дар солҳои 1998 то 2003 дар мақомҳои раиси Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулода, раиси хоҷагии давлатии "Тоҷиккоммунсервис" ва корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз” кор кардааст. Соли 2000-ум аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст.

Як сол баъди барканорӣ аз мақоми раиси “Тоҷикгаз”, Додситонии кулли Тоҷикистон Искандаровро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дод ва гуфт, ки ӯ барои содир кардани “ҷиноятҳои сангин” гумонбар мешавад.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров 9 декабри соли 2004 дар Русия дастгир ва то моҳи апрели 2005 дар Лефертово нигаҳдорӣ шуд. Баъдан озод гардид, аммо 15 апрел нопадид шуд. Дертар мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ дар боздоштгоҳ аст ва ба 23 соли зиндон маҳкум карданд.

Дар ҳукми Додгоҳи олӣ гуфта шуд, гуноҳи Искандаров ин аст, ки "ба шӯъбаи умури дохилӣ ва додситонии ноҳияи Тоҷикобод ҳамлаи мусаллаҳона ташкил карда, инчунин даст ба ғорати амволи корхонаи “Тоҷикгаз”, ҳифзу нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва муҳофиз" задааст.

Бо он ки худи Искандарову тарафдоронаш бо иттиҳоми додгоҳ розӣ набуданд, Додгоҳи олӣ гуфт, гуноҳи ӯ исбот шуд ва бар асоси қарори додгоҳ, ӯ инчунин аз рутбаи генерал-майор маҳрум шуда, ба пардохти ним миллион доллар маблағ ба манфиати давлат вазифадор мешавад.

Соли 2006 талоши Искандаров барои бозбинӣ шудани ҳукм бенатиҷа анҷомид ва бар асоси қарори додгоҳ, ӯ барои адои ҷазо ба мӯҳлати 23 сол ба зиндони низомаш сангин фиристода шуд.

Ин қазия баъди шаш соли зиндонӣ шудани Искандаров ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо кашида шуд ва ба фоидаи ӯ ҳал гардид. Соли 2011 Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар истирдоди сиёсатмадори тоҷикро мухолиф ба қонунҳои байналмилалӣ донист ва аз Русия хост, ба Искандаров 30 ҳазор евро ҷуброни моливу маънавӣ бипардозад. Мақомоти Русия аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ кардаанд.

Мунтақидон мегӯянд, баъди зиндонӣ шудани Искандаров ҳизби демократ ҳам тадриҷан мавқеи пешинаи худро аз даст дод ва баъди баҳсҳои дохилиҳизбӣ, ба як ташаккули сиёсии наздик ба ҳукумат табдил шуд.

Ба гуфтаи Темур Тошев, қазияи Искандаров дар зиндагии аъзои ин хонавода ҳам таъсир гузошт ва як натиҷаи куллиаш ин шуд, ки тақрибан ҳеҷ нафаре аз ин хонаводаро ба кор дар сохторҳои давлатӣ қабул намекунанд. Бархе наздикон маҷбур шуданд тарки кишвар кунанд ваё дар давлатҳои хориҷӣ паноҳанда шаванд.

XS
SM
MD
LG