Туркия гуфт, ки дар фурсати кӯтоҳ тавони бозбинӣ кардани бозори воридоти нафти худро нахоҳад дошт ва ба ин хотир аз Амрико хост, қарори худро дар бораи таҳрими Эрон бозбинӣ кунад.
Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "мо чунин имкон надорем, ки дар фурсати кӯтоҳ бозори воридоти захираҳои нафтии худро рангин кунем".
Туркия, ки ҳар рӯз ба 1 миллион бушка нафт (1 бушка = наздики 159 литр) эҳтиёҷ дорад, соли гузашта вобастагии сахти худро ба нафти Эрон кам кард. Вале баъдан гуфт, ки корхонаҳои коркарди нафташ барои коркарди нафти баъзе аз кишварҳои дигар қодир нестанд.
"Вақте мо нафтро аз кишварҳои сеюм ворид мекунем, бояд фанноварии корхонаҳои коркарди нафтамонро навсозӣ кунем. Ин ба он маъност, ки корхонаҳо як муддат бекор мемонанд ва ин, табъан, нархи худро дорад”, -- гуфт ӯ.
Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки Амрико рӯзи 1 май ба харидорони байналмилалии нафти Эрон гуфт, аз харидани он даст кашанд, вагарна бо таҳрим рӯбарӯ хоҳанд шуд. Вашингтон кишварҳои харидори нафти Эронро ташвиқ кард, ки захираҳои алтернативӣ пайдо карда аз шариконаш дар Хариҷи Форс – Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дархост намуд, ки нафти бештар истеҳсол карда пеши роҳи болоравии нархро бигиранд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Туркия Ҳомӣ Оқсой рӯзи 26 апрел гуфт, ки Туркия талош дорад Вашингтонро мутақоид кунад, ки ширкати туркии Tupras ба воридоти нафти Эрон идома диҳад.