Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Помпео гуфт, Русия нагузошт, ки Мадуро биравад

Майк Помпео мегӯяд, Русия нагузошт, ки Николас Мадуро аз Венесуэла биравад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико иддао кардааст, ки Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, омода буд, кишварашро тарк карда ба Куба биравад, аммо Русия ӯро аз раъйаш баргардонидааст.

Майк Помпео рӯзи 30-уми апрел ба телевизиони Си Эн Эн гуфт, “Ҳавопаймои ӯ дар фурудгоҳ омодаи парвоз буд, мо фаҳмидем, ки ӯ омода буд, ҳамин субҳ биравад, вале русҳо ишора карданд, ки бояд бимонад.”

Ба қавли Майк Помпео, чанде аз мақомоти баландпояи ҳукумати Венесуела ба онҳо гуфтаанд, ки дар сурати исён ба тарафи ошӯбгарон мегузаранд. Ӯ аз ин бештар иттило надод.

Вазири умури хориҷии Амрико дар ин баъд аз он суҳбат кард, ки танишҳо дар Венесуэла авҷ гирифтааст. Баъди онки Хуан Гуайдо, пешвои мухолифони давлат аз артиш хост, раиси ҷумҳур Николас Мадуроро аз мақомаш барканор кунад, хушунат дар Венесуэла зиёдтар шуд.

Ҳазорон нафар аз мардуми кишвар рӯзи 30-уми апрел ба кӯчаҳои Каракас баромаданд аз даъвати Хуан Гуайдо ҷиҳати шуруи “марҳилаи ниҳоӣ” барои ба даст гирифтани қудрат ҳамроҳ шуданд. Ҳукумати Николас Мадуро, амалкарди Гуайдоро талош барои табаддулот номида ва гуфтанд, ки ҳамчунон аз ҳимояти артиш бархурдор ҳастанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Эътирози думоҳаи кишоварзони Ҳинд ба хушунат печид

Ҳинд, 26-уми январ, саҳнае аз эътирозҳои кишоварзон

Дар паи ду моҳи эътирозҳои кишоварзону деҳқонони Ҳинд алайҳи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ рӯзи 27-уми январ шаҳри Деҳлӣ таҳти чораҳои шадиди амниятӣ гирифта шуд. Дар ин рӯз ҳазорҳо кишоварзон бо ходимони полис вориди даргирӣ шуданд. Дар задухӯрдҳо як эътирозгар кушта ва даҳҳо ходими полис маҷрӯҳ шуданд. Раҳбарони эътирозҳо бархе афроди хушунатпешаро дар сар задани ин ҳодиса гунаҳгор карда гуфтанд, ки раҳпаймоии эътирозии худро идома медиҳанд. Аз моҳи ноябр ба ин сӯ даҳҳо ҳазор кишоварзон даст ба эътироз зада мегӯянд, ки бо ислоҳоти низоми кишоварзӣ розӣ нестанд. Ҳукумат гуфт, ки ислоҳот ба либерализатсияи соҳа, сабук кардани қоидаҳои фурӯши маҳсулот, нархгузорӣ ва захираи маҳсулоти истеҳсолшуда ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои кишоварзон равона шудааст. Вале кишоварзон тарс доранд, ки қонунҳои нав онҳоро дар муқобили ширкатҳои хусусӣ заъфпазир мекунад.

Маскав хост, Вашингтон ба созиши ҳастаӣ бо Теҳрон баргардад

Вазирони хориҷаи Эрон ва Русия дар Маскав мулоқот карданд

Маскав дар ҳамовозӣ бо Теҳрон аз президенти ИМА Ҷо Байден даъват, ки таҳримҳои сахти иқтисодии боршуда ба Ҷумҳурии Исломӣ бардошта шаванд, то ки созиши ҳастаии ин кишвар бо қудратҳои ҷаҳонӣ нигоҳ дошта ва барномаи ҳастаияш таҳти назорат бошад. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 26-уми январ дар вохӯрӣ бо ҳамкори эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Маскав гуфт, ки мавзеъгирии Теҳронро пуштибонӣ мекунад ва таҳримҳо бояд бардошта шаванд, то Эрон ба иҷрои шартҳои созишнома баргардад.

Президенти пешин Доналд Трамп соли 2018 аз созишномаи ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон берун шуд ва тирамоҳи он сол таҳримҳои сахттари иқтисодиро ба Эрон бор кард. Ин сабаб шуд, ки, Теҳрон оҳиста-оҳиста аз иҷрои шартҳои созиши соли 2015 имзошуда саркашӣ кунад. Ҷо Байден, президенти нави ИМА ваъда додааст, ки Вашингтон дубора ба созишномаи қудратҳои ҷаҳонӣ бо Теҳрон хоҳад баргашт.

ИМА таҳрими масъулони Додгоҳи Гаагаро бозбинӣ мекунад

Гаага - қароргоҳи Додгоҳи байналмилалии Гаага

Сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 26-уми январ гуфт, ки маъмурияти Байден таҳримҳои ИМА болои Додгоҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ ҷоришуда бо сабаби таҳқиқи қонуншиканиҳои низомиёни амрикоӣ дар Афғонистонро бозбинӣ мекунад. Тасмими ҷорӣ кардани таҳрим ва манъи сафар ба ИМА барои кормандону масъулони додгоҳ, ки гуфт, ҷиноятҳои низомиёну кормандони амниятии амрикоиро дар Афғонистон таҳқиқ мекунад, соле пеш аз ҷониби маъмурияти президент Доналд Трамп гирифта шуд. Маъмурияти Трамп он замон трибунали Гаагаро ба нақзи соҳибихтиёрии миллии ИМА айбдор кард. ИМА созишномаи Рум дар бораи таъсиси ин додгоҳ дар соли 2002-ро имзо накардааст. Сухангӯи Департаменти давлатӣ дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “Бо вуҷуди ин ки мо дар заминаи иқдомҳои Додгоҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ дар нисбати вазъ дар Афғонистон ва Исроилу Фаластин розӣ нестем, таҳримҳо бозбинӣ хоҳанд шуд”. Ба иловаи таҳқиқи эҳтимоли ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон, ин додгоҳ соли 2019 эҳтимоли содир шудани ҷиноятҳои ҷангӣ дар қаламравҳои Фаластиниро таҳқиқ мекунад, ки аз ҷумла, марбут ба нирӯҳои исроилӣ хоҳад буд.

G7 Русияро барои ҳабси Навалний маҳкум кард

Ин созмон дар гузашта Гурӯҳи ҳаштгона ном дошт, вале баъди аз сафи он берун кардани Русия барои ғасби Қрим ва пуштибонии ҷудоиталабон дар шарқи Украина, ба Гурӯҳи ҳафтгона табдили ном кард

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона Русияро барои боздошти “дорои ангезаҳои сиёсии” мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва ҳам “саркӯби хушунатомези” эътирозгарони озодии ӯ маҳкум ва озодии ӯро талаб карданд. Дар изҳороти муштараки рӯзи 26-уми январе, ки вазирони хориҷаи Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопон, ИМА ва Бритониё имзо карданд, боздошти “риққатангез”-и Навалний интиқод ва озодии “билофосилаву беқайдушарти” ӯ тақозо шудааст. Дар изҳорот ёдоварӣ шудааст, ки Русия бояд мутобиқ ба тааҳҳудоти байналмилалии худ дар заминаи таъмини ҳуқуқи башар амал кунад. Навалний рӯзи 17-уми январ дар фурудгоҳи Шереметево ҳангоми бозгашт аз Берлин боздошт шуд. Ӯ аз августи соли 2020 дар як беморхонаи Олмон аз осори заҳролудшавӣ табобат мегирифт. Озмоишҳои аврупоӣ собит карданд, ки Навалнийро бо заҳри навъи низомии “Новичок” заҳролуд кардаанд. Навалний гуфт, ки президент Владимир Путин амр додааст, ки ӯро заҳролуд кунанд, вале Кремлин ин иттиҳомотро бепояву асос мехонад.

Навалний бо ҳукми додгоҳ ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шуд ва акнун барои нақзи ҳукми шартии зиндон аз соли 2014 оид ба фасод ба ӯ 3,5 соли ҳабс таҳдид мекунад.

Тихановская хостори бархӯрди "боҷасорат ва шадидтар"-и Ғарб нисбат ба Лукашенко шуд

Светлана Тихановская баъд аз зиндонӣ шудани ҳамсараш дар остонаи интихоботи президентии Беларус, номзадии худро пешбарӣ кард. Мақомот гуфтанд, ӯ ва дигарон дар муқобили Александр Лукашенко мағлуб шуданд, вале Тихановская инро қабул надорад

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская аз Иттиҳоди Аврупо ва Амрико хост, ки нисбат ба Александр Лукашенко бархӯрди "боҷасорат ва шадидтаре" ба кор баранд.

Лукашенко аз соли 1994 дар сари қудрат аст ва эълони пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии моҳи августи соли 2020 боис ба норизоияти сартосарии мардум ва эътирозу раҳпаймоиҳо шудааст.

Тихановская рӯзи 27-уми январ аз Литва истода дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо суханронӣ кард ва хост, ин ниҳод бахши чоруми таҳримҳои худ нисбат ба режими Лукашенко ва муттафиқонашро ҷорӣ кунад.

Ӯ, инчунин, таҳқиқи байналмилалии мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсон ва ҳам “террорист” хондани омилони ин ҳодисаҳоро тақозо кард. Тихановская гуфт, вокуниши ҷаҳон “ҳамоно хеле нарм аст".

Лукашенко ва ниҳодҳои қудратии Беларус дар амри пахши эътирозҳо ба боздошту азияти эътирозгарон даст заданд, вале ин чиз бисёриҳоро аз роҳ нагардондааст. Худи Лукашенко мегӯяд, ки кори баде накардааст ва то ҳол омода нашуд бо мухолифонаш вориди музокирот шавад.

"Биноияш суст шуда, сутунмуҳрааш осеб дидааст." Мурофиаи Маҳмурод Одинаев шуруъ шуд

Акси Маҳмурод Одинаев ва писараш Ҳабибулло Ризоев

Дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба муҳокимаи Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва писараш, Ҳабибулло Ризоев, оғоз кардаанд.

Одинаеви 59-сола ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гумонбар аст, аммо ба қавли наздиконаш дар мурофиаи аввал айбномаро беасос донистааст. Писараш Ҳабибулло Ризоев ба авбошӣ муттаҳам аст ва бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ мебошад.

Як намояндаи Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бо шарти зикр накардани номаш рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи Маҳмурод Одинаев ва писараш ду рӯз пеш шуруъ шуда, "ба таври боз идома дорад".

Ӯ гуфт, "дар рӯзи аввали мурофиа ошноии айбдоршавандаҳо бо парванда сурат гирифт. Рӯзи 26-уми январ суолу ҷавоби шоҳидон ва кормандони Комиссариати ҳарбӣ баргузор шуд. Дар толори мурофиа пайвандони онҳо ва чаҳор шоҳид ҳузур доштанд".

Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари Маҳмурод Одинев, мегӯяд, пеш аз шурӯи мурофиа бо ӯ чанд дақиқа суҳбат доштааст. "Шикоят кард, ки биноии чашмаш суст шуда, сутунмуҳрааш осеб дидааст", -- нақл кард Ризоева.

Мақомот ҳамагуна фишор ё шиканҷа ба зидди Маҳмурод Одинаевро рад мекунанд.

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, ки дар курсии айбдорӣ нишастааст, рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, вакили мудофеи мустақил надоранд ва дар мурофиа айбномаро рад карданд.

Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.

Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Ризоев дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."

Пайвандони Маҳмурод Одинеав дар назди Комиссариати ҳарбӣ будани ӯро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, он рӯз ба зидди, ба гуфтаи онҳо, ғайриқонунӣ ба артиш ҷалб шудани писараш, эътироз карда буд.

Дертар Одинаевро ба даъвати ом ба ифротгароӣ муттаҳам карданд, аммо ҷузъиёти онро шарҳ надоданд.

Айни замон Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев дар боздошт аст ва ба авбошӣ муттаҳам мешавад.

Мухолифон боздошту эълони иттиҳом ба зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд ва бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд. Ӯ пеш аз боздошт фаъолияти мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли гузашта дар "Фейсбук" навишт, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунад.

Рӯзи 13-уми январи имсол Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузорише Тоҷикистонро ба "зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифин ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ" танқид кард. Мақомот ба дурустии кори худ ва сиёсӣ набудани қазияҳо таъкид доранд.

Дума бо тамдиди 5-солаи созиши боздорандаи силоҳҳо розӣ шуд

Думаи давлатии Русия палатаи поёнии парлумон мебошад

Дар Русия вакилони маҷлис бо тамдиди панҷсолаи мӯҳлати созиши New START розӣ шуданд, ки ҳамчун қарордоди боздорандаи силоҳҳои ҳастаӣ маъруф аст ва як санади муҳими миёни Маскаву Вашингтон ба шумор меравад. Думаи давлатӣ дар овоздиҳии рӯзи 27-уми январ бо раъйи оро ба тамдиди санад мувофиқат кард. Ин созишнома соли 2010 имзо шуда, мӯҳлати иҷрояш ҳафтаи оянда ба охир мерасад. Бар асоси шартҳои ин созишнома, Русия ва ИМА шумори кулоҳакҳои ҳастаӣ, мушакҳо ва бомбафканҳои худро дар миқдори муайян нигоҳ медоранд. Як рӯз пеш аз ин Русия ва ИМА эълон карданд, ки созишнома дароз карда мешавад ва барои ин ризоияти Конгресси ИМА лозим нест.

Ҷумҳурихоҳҳо моил нестанд. Арзёбиҳои нахустини аъмоли Трамп дар Сенат

Бо сабаби хушунатҳои сарзада аз ҷониби тарафдорони Трамп, маросими савгандёдкунии Ҷо Байден дар мақоми президенти нави ИМА дар чораҳои шадиди амниятӣ гузашт. Акс аз 19 январ

Дар овоздиҳии расмии пеш аз шурӯи муҳокимаи импичменти президенти собиқ Доналд Трамп бараъло дида шуд, ки барои муҳокимаи амалҳои ӯ дар робита бо иттиҳоми таҳрики ошӯб дар Капитол шумори зарурии ҷумҳурихоҳҳо овоз намедиҳанд. Сенати ба раҳбарии демократҳо рӯзи 26-уми январ талошҳои қатъи муҳокимаи Трампро бекор кард, вале айни замон танҳо панҷ узви ҳизби ҷумҳурихоҳ ба 50 узви ҳизби демократ дар Сенат аз ин чиз пуштибонӣ карданд. Барои шурӯи ҷараёни импичмент ба иловаи 50 раъйи демократҳо ҳадди аққал 17 раъйи ҷумҳурихоҳҳои Сенат лозим мешавад. Ин овоздиҳӣ аломати рӯшани он аст, ки на ҳама ҷумҳурихоҳҳо тарафдори муҳокима шудани Трамп мебошанд. Бархе мухолифони муҳокимаи Трамп ин амалро ба хотири дигар сари қудрат набуди ӯ ғайрконститутсионӣ номиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бисёр ҷумҳурихоҳҳо Трампро маҳкум карданд, аммо на ҳама омода ҳастанд, ки ӯро барои таҳрики хушунатҳои 6-уми январ ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар он ҳодисаҳо 5 нафар ҷони худро аз даст дод.

Роҳкирои Хуҷанд - Душанбе боло рафт. Аз барфи калон ё нархгузории вазорат? ВИДЕО

Таксиҳои масири Хуҷанд - Душанбе

Онҳое, ки ин шабу рӯз аз вилояти Суғд ба Душанбе сафар мекунанд, аз боло рафтани қимати роҳкиро шикоят доранд. Агар чанд рӯз пеш онҳо метавонистанд бо 50-80 сомонӣ аз Хуҷанд ба Душанбе расанд, акнун роҳкиро то 130-150 сомонӣ расидааст.

Паймон Ҳоҷибоев, донишҷӯи тоҷик, рӯзи 26-уми январ гуфт: “Нишастан дар қатори сеюмро 100 сомонӣ мегӯянд. Мо чун донишҷӯ ҳастем, каме арзон бошад, беҳтар аст. Масалан 70 ё 80 сомонӣ”.

Анвар, мусофири дигар мегӯяд: “Ҳар бор нарх ҳар хел мешавад. Ҳозир нархро аз 120 то 150 сомонӣ гуфта истодаанд. Лекин аз он тараф арзонтар, аз 50 то 80 сомонӣ, меоранд.”

Мусофирон ин афзоишро ба оғози таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо рабт медиҳанд, ронандаҳо мегӯянд, барфбории шадиди чанд рӯзи охир ҳаракати нақлиётро дар шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе душвор кардааст.

Шӯҳрат Сангинов, ронанда такси дар масири Хуҷанд – Душанбе гуфт: “Агар 6 мусофир бигирем, 600 сомонӣ мешавад. 300 километр меравем. 40 литр газ 160 сомонӣ аст ва 55 сомонӣ тарозупулӣ медиҳем. Вақте ба ин роҳи дур меравему 300 сомонӣ фоида намекунем, чӣ хел кор кунем?”

Дар ҳамин ҳол масъулони “Терминали Суғд” гуфтанд, гароншавии роҳкиро дар фасли зимистон мувофиқ ба нархгузориҳои Вазорати нақлиёт вобаста аст. Бино ба фармони вазири нақлиёт, роҳкирои як километри роҳи Хуҷанд -Душанбе 2,5 сомонӣ муайян шудааст. Барои як нақлиёт аз рӯи ин нишондод 750 сомонӣ рост меояд.

Марҳабо Юсуфова, муҳосиби “Терминали Суғд” гуфт: “Агар мошини чаорнафарӣ бошад, ин ба 187 сомонӣ рост меояд ва агар шашнафарӣ бошад, барои ҳар як мусофир 125 сомонӣ рост меояд. Мо тибқи ҳисоби миёна дар фасли гармо аз 100 то 120 сомонӣ маълумотнома пешниҳод мекунем ва дар фасли сармо аз 130 то 150 сомонӣ муайян кардаем”.

Вале мусофирон мегӯянд, дар баъзе ҳолат мусофиркашонҳо аз меъёри муайянкардаи Вазорати нақлиёт низ зиёдтар пул мегиранд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳамин чанд рӯзи охир роҳкиро аз ҷониби Хуҷанд то Душанбе ба марзи 200 сомонӣ ҳам расида буд.

Шӯҳрат Сангинов, ронандаи такси мегӯяд: “Нархи роҳкиро фақат як рӯз 200 сомонӣ шуд, чунки рӯзи якшанбе буд ва аз Хуҷанд зиёд мусофирон ба Душанбе рафтанд. Ҳам пеш аз он барф борида буд ва роҳҳо вазнин гардид. Агар аз як тараф 100 сомонӣ равему аз он тараф холӣ оем, фоида нест. Одам ҳар қадар зиёд шавад, ҳамон андоза раҳкиро ҳам қиммат мешавад”.

Масъулони назорати нарх дар роҳҳо мегӯянд, роҳпулии мусофиронро ронандаҳое баланд мекунанд, ки ғайриқонунӣ фаъолият мебаранд ва аз зиёдшавии мусофирон истифода мекунанд. Онҳо мегӯянд, на ҳама кирокашҳо санади лозимии кору молиётсупориро доранд ва назорати пурраи онҳо ғайриимкон аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нархи роҳкиро дар масири Хуҷанд-Душанбе гарон шуд, чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Amnesty International: мақомоти Беларус иттиҳомоти шиканҷаро таҳқиқ накарданд

Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) дар гузорише, ки 27-уми январ нашр шуд, гуфт, мақомоти Беларус иттиҳомоти шиканҷа шудани ширкатдорони намоишҳои эътирозиро таҳқиқ накарданд. Гузориш мегӯяд, ҳеҷ як нафари дастдошта дар шиканҷаву бадрафторӣ бо эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи 9-уми августи порсол ва талабгори истеъфои Александр Лукашенко ба ҷавобгарӣ кашида нашуд ва бо ҳамин далел, ба қавли созмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои барои таъмини адолат иқдом кунад. Марие Струзерс, раиси бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Amnesty International гуфт, бори дигар барои таҳқиқи иттиҳоми шиканҷа шудани боздоштшудаҳо даъват ба амал меорад, “ҳарчанд умеди кам аст, ки низоми ҳомии пинҳон мондани кори полис ва ҳатто ташвиқкунандаи озору хушунат алайҳи қурбониҳо даст ба чунин кор бизанад”.

Дар гузориш омадааст, ки мақомоти Беларус эътироф карданд, ки аз қурбониёни озори кормандони ҳифзи қонун 900 шикоят дарёфт кардаанд, вале ҳеҷ яки ин ҳолатҳо тафтишу таҳқиқ нашудааст. Бар иваз, мақомот ширкатдорони намоишҳои эътирозиро бо иттиҳоми хушунат алайҳи полис ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Фаъолон: Бархе муҳоҷирон бо ҳар роҳ мехоҳанд ба Русия баргарданд

Аз аз соли 2015

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, бинобар баста будани марзҳо ва барқарор нашудани парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия, муҳоҷирони тоҷик бо ҳар васила, ҳатто бо роҳҳои ғайриқонунӣ кӯшиш мекунанд худро ба Русия расонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин охирҳо ҳолатҳое низ зиёд будааст, ки баъзе мусофирони парвозҳои чартериро, ки аз Тоҷикистон ба Русия расиданд, нагузоштанд аз дохили фурудгоҳ ба шаҳр ворид шаванд. Муҳаммад Собиров, як ҳуқуқшиноси созмони “Тонг ҷаҳонӣ” дар Маскав мегӯяд, тақрибан як ҳафта пеш марзбонони Русия зиёда аз 100 нафарро, ки барои ворид шудан ба Русия далеле надоштанд, бозпас фириситоданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, яке аз сабабҳои роҳ наёфтани ин мусофирон ба хоки Русия, тақаллубӣ будани варақаҳои тиббии онҳо будааст. Баъзе аз ин шаҳрвандон то бозпас фиристоданашон ба ватан ду ҳафта дар фурудгоҳи Маскав банд монда маҷбур шуданд, шабҳоро дар курсиҳои фурудгоҳ бидуни шароити беҳдоштӣ рӯз кунанд. Дар байни онҳо занон ва кӯдаки хурдсол низ будаанд. Ҳоло яке аз роҳҳои вуруд ба Русия ин табобат дар муассисаҳои беҳдоштии ин кишвар аст. Гуруҳе аз шаҳрвандон бо истифода аз ин имконият ҳуҷҷатҳои қалбакии тиббиро пешниҳод мекунанд. Ҳарчанд ба ин мусоифрон билет фурӯхта мешавад, вале марзбонон дар фурудгоҳҳои Русия ин ҳуҷҷатҳои тиббиро мӯшикофона тафтиш мекунанд. Дар сурате, ки агар қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳо ошкор шавад, соҳиби онро иҷозати вуруд ба Русияро намедиҳанд. Онҳое, ки ин шабу рӯз барои табобат ба Русия мераванд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тиббӣ ҳаққи дарёфти иҷозати корро надоранд ва бояд баъди гирифтани муолиҷа ба ватан баргарданд.

Русия макони асосии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар ватан аз бекорӣ азият мешаванд ва пандемияву маҳдудияти сафар ба вазъи иқтисодии хонаводаҳои зиёд дар дохили кишвар таъсиргузор шудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон 26-уми январ дар паёми солонааш гуфт, ки дар соли 2020 бо сабаби баста будани роҳҳо, ҳудуди 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик натавонистаанд ба хориҷ раванд.

Дар соли COVID-19 аз вилояти Маскав 400 муҳоҷир ихроҷ шудааст

Як қароргоҳи депортатсионӣ дар Русия

Дар давраи ҳамагирии COVID-19 аз вилояти Маскав беш аз 400 шаҳрванди хориҷиро ихроҷ кардаанд, ки аксарашон шаҳрвандони Узбекистон будаанд. Ба гуфтаи намояндаи хадамоти матбуоти Саридораи амнияти минтақавӣ, аз 1-уми март то 31-уми декабри соли 2020 - 404 муҳоҷир аз ҳисоби Русия ба ватанашон фиристода шуданд. Бештари онҳо узбек буда, ҳамагӣ 8 дарсадро муҳоҷирони тоҷик ташкил додаанд. Мақомоти муҳоҷират ва ҳифзи қонуни Русия, ки бо шеваи зӯроварона ва дурушти бархӯрд бо муҳоҷирон маъруфанд, дар солҳои пеш аз пандемияи коронавирус шумори бештари муҳоҷиронро барои нақзи қонунҳои ин кишвар ихроҷ мекарданд.

Мақомот гуфтанд, ҳукми ихроҷ дар нисбати онҳое татбиқ шудааст, ки бидуни асос дар қаламрави Русия қарор доштанд ва ё даст ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ задаанд. Ҳоли ҳозир боз 36 муҳоҷири дигар дар марказҳои муваққатии нигаҳдории хориҷиён ҳастанд, то ки бо парвозҳои чартерӣ ба ватан интиқол ёбанд.

Ширкати таксии Маскав хост, ронандаҳояш воксинаи зидди COVID-19 бигиранд

Марти соли 2020. Ширкатҳои такси дар Маскав ба ронандаҳои худ дастур доданд, ки дар дохили мошин бо ниқоб хидматрасонӣ бикунанд

Раҳбарони ширкати "Яндекс.Такси" аз мақомоти Маскав хостаанд, ки барои эм кардани ронандагону хаткашонҳо ва ё расонандагони ғизои ин ширкат, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, мусоидат кунанд. Хабаргузории ТАСС ба нақл аз намояндагони ширкат менависад, ки на ҳамаи ин кормандон бима ё суғуртаи тиббӣ доранд, бинобар ин хоҳиш шудааст, ки барои ин муҳоҷирон ваксингузаронии ройгон ташкил гардад. Аз ҷумла, зикр шудааст, ки дар давраи пандемия талабот ба хадамоти ронандагон ва расонандагони хӯрок афзудааст ва зарур аст, ки онҳо дар навбати аввал эм карда шаванд. Аз 18-уми январ дар Русия маъракаи оммавии ваксинзании шаҳрвандони ин кишвар дар муқобили COVID-19 оғоз гардид. Қаблан Анна Попова, раҳбари "Роспотребнадзор" гуфта буд, ки феълан эм кардани муҳоҷирон ва хориҷиёне, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, пешбинӣ нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирон ба гурӯҳи осбепазир дохил мешаванд. Зеро аксари онҳо дар соҳаи хидматрасонӣ кор карда, бо мардуми зиёд сару кор доранд ва аз назари дастрасӣ ба суғуртаи тиббиву хадамоти беҳдоштӣ назар ба шаҳрвандони ин кишвар дасткӯтоҳтаранд.

Нияти Тоҷикистон барои афзоиши содироти барқ ба Афғонистон

Дар Пактиёи Афғонистон як зеристгоҳи барқии наве боз шуд. Апрели соли 2020

Тоҷикистон нақша дорад, ки дар оянда содироти барқ ба Афғонистонро бештар кунад. Хабаргузории “Авеста” менависад, ки бо ин ҳадаф соли ҷорӣ хатҳои баландшиддати барқ сохта мешаванд. Хатти интиқоли барқи 500-киловолта аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун то зеристгоҳи Сангтӯда бунёд мегардад. Ба қавли ин хабаргузорӣ, феълан байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш Узбекистон, Қирғизитсон ва Афғонистон 13 хатти интиқоли барқ бо шиддатҳои гуногун амал мекунанд. Чанд соли охир Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 1,2 то 1,3 миллиард кВт/соат барқ фурӯхтааст. Мақомоти тоҷик соли гузашта аз содироти барқ ба хориҷа беш аз 56 миллион доллар фоида гирифтанд, ки ҳудуди 40 фоиз камтар назар ба солҳои қаблӣ мебошад.

Дар Душанбе ҷаласаи солонаи ҳукумат ҷараён дорад

Акс аз ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар таърихи 18-уми январи соли 2018

Имрӯз бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳукуматӣ баргузор мешавад. Дар ҷаласа кори яксолаи ҳукумат натиҷагирӣ ва ҳам нақшаву барномаҳо барои соли 2021 баррасӣ мегарданд. Як манбаи хабаргузории "Азия-Плюс" дар ин ҷаласа ҳисоботи Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар соли гузашта шунида мешаванд. Эҳтимол меравад, ки тағийроти кадрӣ низ сурат бигирад. Дар ҷаласа раҳбарони ҳамаи шарҳу ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои давлатӣ, сарварони донишгоҳҳову бонкҳои кишвар иштирок мекунанд. Ҷаласаи мазкур як рӯз пас аз паёми ҳарсолаи раисиҷумҳури Тоҷикистон доир мегардад. Президент рӯзи 26-уми январ аз кори яксолаи ҳукумат натиҷагирӣ кард ва мисли дафъаҳои гузашта бештар аз муваффақиятҳо гуфт. Ба қавли мухолифон, дар паёми имсола ба мушкили муҳоҷирони тоҷик ва нарх дар бозорҳову маҳдудияти озодии баён ва дину иқтисод ишораи хосе нашуд.

КҲФТ: шумори маҷрӯҳшудаҳои таркиши газ дар Панҷакент 23 нафар шуд

Балони газе дар як маҳаллаи Гурҷистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон (КҲФТ) мегӯяд, таркиши балони газ дар ошхонаи “Самарқанд”-и шаҳри Панҷакент 23 нафарро маҷрӯҳ кардааст. Ҳамаи осбедидагон кормандони ҳамин ошхона будаанд. Таркиш нисфирӯзии 25-уми январ рух дод. Баъди чанд соат аз сар задани ин ҳодиса ВКД Тоҷикистон гуфт, ки дар ин ҳодиса 12 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба қавли КҲФТ, 15 маҷрӯҳшуда зан ва 8 тани дигар мардон мебошанд. Ҳамаи онҳо ҳоло дар беморхона ҳастанд. Се зани аз 37 то 72-сола дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Вазъи се нафар аз занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва ду марди 27-сола вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳолати саломатии 9 зан ва 5 марди дигар вазнини миёна гуфта мешавад. Аз миёни ин ҳама маҷрӯҳон танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шудааст.

Обёрии қатрагӣ, оби борон... EBRD барои технологияҳои сабзи Тоҷикистон қарз дод

Батареяҳои офтобӣ дар назди як хонаи хусусӣ дар Эрон

Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD) гуфт, ба бонки хусусии “Эсхата” дар Тоҷикистон барои татбиқи барномаҳои муҳитзистиву маблағгузории тарҳҳои марбут ба “хоҷагиҳои сабз” 4 миллион доллар ироа кардааст. Дар вебсайти расмии ин бонк рӯзи 26-уми январ омадааст, ки қарзи мазкур ба хоҷагиҳои навоҳиву манотиқи дурдасти Тоҷикистон дода мешаванд. Ин пулҳо барои фанновариҳои вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим, масалан, обёрии қатрагӣ, ҷамъовариву нигаҳдошти оби борон, тасмимҳое дар заминаи истифодаи оқилонаи замин, батареяҳои офтобӣ ва ташкили яхдонҳои сарфакунандаи барқ равона мешаванд. Намунаҳои фанновариҳои амну муносиб барои иқлимро қарзгирандаҳо аз кӯмаки фаннии пойгоҳи GEFF дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд. GEFF як бахше аз нақшаи EBRD дар заминаи маблағгузорӣ ба технологияҳои сабз дар Тоҷикистон мебошад.

EBRD мегӯяд, то имрӯз ба иқтисоди Тоҷикистон тавассути 136 тарҳ 749 миллион евро маблағгузорӣ кардааст.

Омори расмии олудашудаҳо ба COVID-19 аз 100 миллион нафар гузашт

Зане дар Булғористон воксинаи зидди COVID-19 қабул мекунад

Ҷаҳон дар аҳди коронавируси нав ба як марҳилаи тираи дигаре расид. Рӯзи 26-уми январ теъдоди собитшудаи гирифторони СOVID-19 дар сайёра аз 100 миллион нафар гузашт ва ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳо барои пешгирӣ аз сирояти ҳарчи бештари навъҳои нави вирус ва тақсими ваксина даступо мезананд. Дар Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи гузашта теъдоди гирифторони беморӣ аз 25 миллион гузашт. Дар ин кишвар, ки бештар аз ҳама аз коронавируси нав осеб дидааст, бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, омори ҳалокат аз ин беморӣ то кунун 425 ҳазор нафарро ташкил додааст. Сад миллион нафаре, ки коронавируси нав бемор кардааст, 1,3 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, аммо ба гуфтаи мутахассисон мумкин аст, теъдоди беморон аз ин ҳам бештар бошад, чун сабти беморон на дар ҳамаи кишварҳо дуруст ба роҳ монда шудааст. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, эълон кард, ки барои ваксинзании аҳолӣ 200 миллион дона ваксинаи нав мехаранд. Ин миқдор ваксина иҷоза медиҳад, ки тамоми мардуми Иёлоти Муттаҳида то охири тобистон ваксина бигиранд. Бритониё рӯзи 26-уми январ аввалин кишвари Аврупо шуд, ки талафот аз беморӣ дар ин кишвар аз 100 ҳазор нафар гузашт. Тоҷикистон чанд рӯз боз гузориш медиҳад, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти беморӣ сабт нашудааст.

Дар Кремл нахостанд, исми моликони қасри Геленҷикро ошкор кунанд

Таҳқиқоти Бунёди мубориза бо фасоди Навалний мегӯяд, ин қаср ба Путин тааллуқ дорад.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, ки "қасри Геленҷик" ба соҳибкорон тааллуқ дорад ва Крем тасмим надорад, ки номи онҳоро ошкор кунад.

Президенти Русия Владимир Путин ахиран гуфт, он иншоот на ба вай ва на ба пайвандонаш тааллуқ дорад. Рӯзноманигорон гуфтанд, дар таҳқиқот низ дар ин бора зикр нашудааст, танҳо гап дар он меравад, ки қаср ба номи "афроди рамзӣ" сабт шудааст.

"Наметавонам бо шумо розӣ шавам. Дар таҳқиқот гуфта шудааст, ки қаср аз Путин аст ва барои Путин сохта мешавад ва ғайра. Аз ҳамин хотир бо шумо розӣ буда наметавонам", - гуфт Песков.

Ба гуфтаи вай, ошкор аст, ки "соҳибони қаср соҳибкоронанд" - як ё якчанд соҳибкор. "Аммо розӣ шавед, ки Кремл ҳақ надорад, исми онҳоро ошкор кунад", - гуфт Песков.

Ахиран Владимир Путин низ таҳқиқоти мухолифи рус Алексей Навалнийро дар бораи қасре дар минтақаи Геленҷики Русия шарҳ дод. Путин дар ин бора дар як ҷаласаи видеоӣ бо ҳузури намояндагони донишгоҳҳои он кишвар суҳбат кард.

Президенти Русия гуфт, филми таҳқиқотиро ба далели "камбуди вақт" надида, аммо чанд порчаи онро аз назар гузаронидааст. "Аз он чизҳое, ки дар филм ҳамчун амволи ман зикр шудааст, ҳеч кадомашон на ба ман ва на ба наздиконам тааллуқ надоранд ва ҳаргиз тааллуқ надоштанд. Ҳаргиз", - гуфт Путин дар посух ба суоли донишҷӯе.

Президенти Русия гуфт, бештар аз 10 сол аст, ки дар ин бора гуфтумон мешавад ва дар ин 10 сол мебоист, ҳуҷҷате ба даст меомад. "Дар иваз чи чизе мавҷуд аст? Акси маро гузоштед, шакли ҳавзеро, ки ман шино мекунам, зикр кардед. Вале ман намедонам ин кадом ҳавз аст. Кай ва дар куҷо? Он акс аз соли 2016 аст, дар Енисей. Дасткорӣ шудааст. Ба ибораи дигари яке аз қаҳрамонҳои машҳури мо, бояд гуфт: "Дилгиркунанда аст, духтарон". Ҳадди ақал чизи дурусттаре мебофтанд", - илова кард Путин.

Вай гуфт, бархе аз афроди дар филм зикршударо мешиносад, дӯстонаш ё ҳамкорони пешинаш ва ё хешони дурашу шиносонаш ҳастанд ва бархеи дигарро умуман намешиносад. Путин гуфт, тиҷорат "ҳаргиз таваҷҷуҳи ӯро ҷалб накардааст" ва вай "ҳаргиз ба ин кор машғул нашудааст".

Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний филмеро бо номи "Қасри Путин" рӯзи 19 январ нашр кард. Бино ба тасдиқи Навалний, ин қаср ба президент Путин рабт дорад.

Дар Туркманистон ба ваксиназании умумӣ омодагӣ мегиранд

Акс аз бойгонӣ.

Дар Туркманистон ба ваксиназании сартосарӣ омодагӣ мегиранд. Дар баробари омодагии модиву техникӣ, шаҳрвандонро барои ваксиназанӣ гуруҳбандӣ мекунанд. Шаҳрвандони аз 60-сола боло дар гуруҳи аввал шомил шудаанд.

Сокинони Туркманистон мегӯянд, шаҳрвандон танҳо дар сурати доштани ташхиси подтан ваксина хоҳанд гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Туркманистон расман коронавирус сабт нашудааст ва мантиқан сокинон низ подтан ҳосил накардаанд.

Мақомоти Туркманистон омодагӣ ба ваксиназаниро шарҳ намедиҳанд.

Мақомоти тандурустии он кишвар гуфта буданд, ки аз ваксинаҳои русии "Спутник V" харидорӣ хоҳанд кард.

Боздошти довталабони курсии президентии Қирғизистон баъди интихобот

Курсан Асанов.

Хадамоти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон муовини пешини вазири умури дохилии ин кишвар Курсан Асановро боздошт кард.

Вакили дифои Асанов - Икромидин Айтқулов гуфт, зидди шахси зери ҳимояаш бар асоси банди "Ғасби бино ё иншоот" парванда боз шудааст.

"Курсан Асановро 26 январ дастгир карда, ба Боздоштгоҳи муваққатии пулиси шаҳри Бишкек бурданд", - афзуд ӯ.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон то ҳол боздошти Асановро расман шарҳ надодааст. Пештар хабар доданд, ки Асановро 26 январ ба бозпурсӣ даъват кардаанд.

Курсан Асанов моҳи октябри соли 2020 низ дар доираи парвандаи бетартибиҳо дар шаҳри Бишкек боздошт шуда, додгоҳ ӯро ба ҳабси хонагӣ маҳкум карда буд.

Ӯ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қирғизистон дар рӯзи 10 январи соли 2021 иштирок карда, расман 0,5 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овард.

Курсан Асанов моҳи октябри соли гузашта дар ҷараёни бетартибиҳои Бишкек гуфта буд, ки вазири умури дохилии Қирғизистон Кашкар Ҷунашалиев утоқи кории худро тарк кардааст ва ӯ иҷрои вазифаҳои комендантро бар дӯш мегирад. Вале Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, вазифаҳои комендантро муовинони вазир иҷро мекунанд ва Асановро аз ин ниҳод берун кард.

Асанов рӯзҳои 7-8 августи соли 2019 дар ҳамла ба манзили президенти он кишвар Алмосбек Отамбоев ширкат ва президенти пешинро ба таслимшавӣ водор кард. Дар натиҷа зиддаш парванда боз шуда, аз мақом баркано шуд.

Мақомоти додситонӣ хабар доданд, ки парванда бо моддаи "Сӯистифода аз мақом" ба он хотир боз шудааст, ки Асанов: ҳангоми ҳамла дастурҳои вазири корҳои дохилиро нодида гирифта; худсарона амал карда; ҳангоми ҳамла ҳайати шахсиро беназорат гузошта ва бо ин рафтораш кормандони милисаро дар хатар гузоштааст.

Вале Асанов гуфт, он рӯз дар манзили Отамбоев "қарзи хизматиашро иҷро кард" ва "назди кишвару виҷдонаш пок аст". "Манфиатҳои шахсиамро болотар аз манфиатҳои давлатӣ нагузоштаам", - афзуд вай.

Пештар аз ин, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Абдил Сегизбоев, ки дар интихоботи президентии ин кишвар иштирок карда буд, дастгир шуд. Сегизбоев дар миёни 17 номзад бо касби 1, 46 дарсади раъйҳо мақоми панҷумро касб карда буд.

Оғози фурӯши билетҳо барои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Кумитаи олии лоиҳаҳо ва мероси Қатар эълон кардааст, ки аз санаи 21-уми январи соли 2021 фурӯши билетҳо барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии футбол “FIFA Qatar 2022” шуруъ шудааст. Афроди хоҳишманд тариқи сомонаи www.FIFA.COM/Tickets. билет дарёфт кунанд. Нархи билетҳо мувофиқи 3 дараҷа бо арзиши 10 риёли қатарӣ ( (тахминан 31,04 сомонӣ) то 300 риёли қатарӣ (тахминан 931,24 сомонӣ) ба фурӯш мерасанд.

Кумитаи олии лоиҳаҳо ва мероси Қатар да ин росто таваҷҷуҳи хоҳишмандонро ба чанд масъала ҷалб кардааст. Аз ҷумла, касе, ки ваксинаи COVID-19 шуда бошад, метавонад билет харидорӣ намуда, бо нишон додани шаҳодатнома (сертификат)-и ваксина ворид шавад. Ин афрод ба ташхиси иловагӣ зарурат надоранд.

Ҳамчунин афроде, ки баъди санаи 1-уми октябри соли 2020 бемории COVID-19-ро аз сар гузаронида бошад, метавонад билет гирифта, бо нишон додани ҳуҷҷати тасдиқкунанда ворид шавад. Ин афрод ҳам аз ташхиси иловагӣ намегузаранд.

Бар пояи ин муқаррарот, ҳар касе, ки COVID-19 нашуда бошад ва ё пеш аз санаи 1-уми октябри соли 2020 бемор шуда бошад, метавонад билет харидорӣ намояд, вале барои COVID-19 дар муддати 72 соат пеш аз оғози бозиҳо бояд ташхиси сабук шавад ва натиҷааш манфӣ бошад.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ҷадвали Ҷоми ҷаҳонии 2022-ро дар вебсайти расмии худ нашр кардааст. Ин мусобиқа дар Қатар аз 21-уми ноябр то 18-уми декабри соли 2022 баргузор мешавад.

Бозии ифтитоҳии мусобиқа, ки дар он дастаи мунтахаби миллии Қатар бозӣ мекунад, 21-уми ноябр дар варзишгоҳи Ал-Байт доир мегардад. Дар ин дидор мизбони мусобиқа - тими миллии Қатар - иштирок хоҳад кард.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ то 2-юми декабр идома меёбанд, 1/8 финал аз 3-юм то 6-уми декабр, 1/4 финал - 9-10-уми декабр, 1/2 финал - 13-14-уми декабр баргузор мешаванд.

Бозӣ барои ҷои сеюм 17-уми декабр дар Варзишгоҳи байналмилалии “Халифа”-и Давҳа сурат мегирад. Бозии ниҳоӣ бошад, 18-уми декабр дар варзишгоҳи Лусайл-и шаҳри Лусайл барпо хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки Қатар моҳи декабри соли 2010 барои мизбонии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 баранда шуд.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар 32 дастаи мунтахаб ширкат меварзад.

Дастур барои боло бурдани стипендия ва нафақа. Таваррум чӣ мегӯяд?

Як хонаи пиронсолон дар Душанбе

Президенти Тоҷикистон амр дод, ки шурӯъ аз моҳи сентбяри соли 2021 андозаи стипендияи донишҷӯён 30 дарсад, нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ 20 фоиз ва маъюбони гуруҳи якум 50 дарсад боло бардошта шавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳини ироаи паёми солонааш ба порлумони кишвар рӯзи 26 январ дар ин замина ба ҳукумат дастур дод. Дар ин суханронӣ раисҷумҳур аз ҷумла гуфт, нафақаи маъюбон мутобиқ бо қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» баланд бардошта шавад

Айни замон, ба иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, андозаи миёнаи нафақаҳои суғуртавӣ, ки аз он маъюбон бархурдоранд, 289 сомониву 67 дирам аст. Дастури боло бурдани нафақаҳо ва он ҳам барои маъюбон дар ҳолест, ки тавварум ва инфлятсияи сомонӣ соли равон назар ба солҳои қаблӣ хеле баланд буд ва то поёни соли 2020 ба 9,4 дарсад расид. Солҳои қаблӣ мизони таварруми сомонӣ дар сатҳи 6-7 дарсад қарор мегирифт. Аз ин рӯ қисме аз болоравии нафақаҳоро таваррум ва гарон шудани нархи маводи хӯрокворӣ фурӯ мебарад.

Доналд Трамп дар Флорида дафтари кории худро боз кард

Вест Палт Бич, Флорида. 20-уми январ ин ва дигар тарафдорони собиқ президент ба истиқболи Доналд Трамп ба хиёбонҳо баромада буданд. Навиштаҷот мегӯяд: "Ҳамоно президенти ман аст"

Доналд Трамп, ки 20-уми январ салоҳиятҳои кориаш дар мақоми президенти ИМА ба анҷом расид, дар аёлати Флорида дафтари кории худро боз кард. Ёварони Трамп дар иттилоияие хабар доданд, ки ин дафтари корӣ бо танзими мукотибаҳо, ташкили суханрониҳо, баромадҳои ӯ ба ҳайси собиқ президенти ИМА ва ташвиқи дастовардҳои маъмурияти пешинааш машғул хоҳад буд.

Хабар рӯзи душанбе нашр шуд. Ин ҳамон рӯзе буд, ки Маҷлиси намояндагони Конгресс ба Сенат – палатаи болоӣ қарори импичменти Трампро таслим кард ва дар он Трамп дар таҳрики ошӯби хушунатомез ба Конгресс дар таърихи 6-уми январ гунаҳкор мешавад. Он рӯз гурӯҳи тарафдорони Трамп ба бинои Капитол ҳамла карданд ва дар натиҷаи беназмиҳои рухдода 5 нафар кушта шуд.

Рӯзи 20 январ, лаҳзаҳое пеш аз тарки Вашингтон карданаш Доналд Трамп хитоб ба тарафдоронаш гуфт, “мо ба ин ё он шакл бармегардем”. Аз замони ба қароргоҳи хусусиаш дар Мар-а-Лагои аёлати Флорида кӯчиданаш Доналд Трамп дар мазҳари ом дида нашудааст. Трамп ҳеҷ гоҳ мағлубияти худ ва пирӯзии ҷо Байденро дар интихоботи президентии ИМА эътироф накардааст.

Хабаргузории Рейтерс бо так ба нашрияи Wall Street Journal ёдовар шуд, ки Трамп бо ёваронаш имкони таъсиси ҳизби сиёсии навро бо номи “Ҳизби ватандӯстон” баррасӣ кардааст.

Дар сурати содир шудани ҳукми айбдоркунанда ба Трамп дар муҳокимаҳои импичменти ӯ дар Сенат, ӯ ҳақ надорад дигар номзад ба президент шавад. Баррасиҳо дар палатаи болоии маҷлиси Амрико 8-уми феврал шурӯъ мешаванд. Вале то ҳол ин масъала номаълум боқӣ мемонад, ки то куҷо беш аз 70 дарсади сенаторҳо аз қарори импичменти Трамп пуштибонӣ мекунанд ё на.

Қарори Трамп дар бораи манъи хидмати сарбозии трансгендерҳо бекор шуд

26 июли соли 2017. Намоиши эътирозии мухолифони қарори президент Доналд Трамп дар бораи манъи хидмати низомии трансгендерҳо

Президент Ҷо Байден қароре имзо кард, ки амри қисман манъ кардани хидмати сарбозии трансгендерҳои маҳаллиро бекор мекунад. Зимни имзои ин қарор рӯзи 25-уми январ Байден гуфт, “Коре, ки мекунам, ин имкон медиҳам ҳама амрикоиҳои қобили хидмат битавонанд бо либоси низомӣ барои кишварашон хидмат кунанд”. Президенти пешин Доналд Трамп соли 2017 тавассути Твиттер эълон кард, ки ба гурӯҳи трансгендерҳое, ки рӯшод аз ин мавқеи худ дарак медиҳанд, хидмати низомӣ манъ мебошад. Ӯ дар шарҳи қарораш гуфт, ки хароҷоти тиббии трансгендерҳо бисёр баланд аст ва низомиён бояд сари “ғалабаи қотеъ ва ҳамаҷониба” тамаркуз бикунанд. Қарори имзошуда ҷалби трансгендерҳоро ба хидмат манъ карда, ба кормандони амалкунанда рабт надошт. Байден гуфт, низомиёни Амрико бо фарогирии ҳама аъзои ҷомеа қавитар мешаванд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG