Рӯзи сешанбе пас аз даъвати Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифони он кишвар барои даври дигари тазоҳурот алайҳи ҳукумати Венесуэла, дар кӯча ва хиёбонҳои Каракас, миёни тарафдорон ва мухолифони президент Николас Мадуро, даргирӣ сурат гирифт.
Раҳбари мухолифон Хуан Гуайдо гуфтааст, муваффақ шуд, ки ҳимояти бахше аз артишро ба даст оварад, аммо ба гузориши бархе хабаргузориҳо, танҳо шумораи каме аз низомиён аз вай пуштибонӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "агар нерӯҳои низомӣ ва ниманизомии Куба фавран амалиёти низомии худро, ки ба ҳадафи қатл ва вайрон кардани Қонуни асосӣ анҷом мешавад, ба таври комил қатъ накунанд, таҳримҳои сахт алайҳи Куба ҷорӣ мешавад. Умедворем сарбозони кубаӣ фавран ва ба таври сулҳомез ба ҷазираи худ бозгарданд".
"Дахолати Русия"
Дар ҳамин ҳол Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбеи 30-юми апрел ба шабакаи хабарии CNN гуфтааст, "ҳавопаймои Мадуро имрӯз субҳ дар фурудгоҳ омодаи парвоз ба тарафи Куба буд, аммо Русия аз ӯ хост, то дар кишвар бимонад. Майк Помпео афзудааст, мақомҳои баландпояи Венесуэла дар бораи гомҳои баъдии худ дар ҳоли баҳсу баррасӣ ҳастанд.
Ҳодисаҳои субҳи сешанбе дар Венесуэла дар ҳоле оғоз шуд, ки Хуан Гуайда бо ҳамроҳии даҳҳо сарбоз ва афсари Горди миллӣ ва чанд мошини зиреҳпӯш дар пойгоҳи ҳавоии Каракас ҳузур ёфт. Оқои Гуайдо дар ин пойгоҳ аз нерӯҳои низомӣ ва мардумии кишвараш хост, ба тазоҳуроти ниҳоӣ барои сарнагунии ҳукумати Мадуро бипайванданд ва "корро тамом кунанд".
"Ҳимоят артиш"
Ин дар ҳоле аст, ки Николас Мадуро рӯзи сешанбе дар "Твиттер"-и худ аз мардум хост, ки ба кӯчаҳо бароянд. Ӯ ба онҳо ваъдаи пирӯзӣ дод ва гуфт, ки бо тамоми фармондеҳони низомӣ дар тамос аст ва онҳо ба таври комил аз вай ҳимоят мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, се пуштибонии аслии Николас Мадуро -- вазири дифоъ, фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ ва раиси Додгоҳи олӣ дар ҳоли музокира бо раҳбарони мухолифон ҳастанд ва барои интиқоли қудрат ба таври мусолиматомез ибрози омодагӣ кардаанд.
Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико низ гуфтааст, ки тарафдорони ҳукумати Венесуэла розӣ ҳастанд, ки Николас Мадуро аз қудрат биравад. Намояндаи вижаи Амрико барои Венесуэла ҳам дар ин бора изҳор дошт, "онҳо дар ҳоли музокира барои барқарори демократия ҳастанд, аммо ба назар мерасад имрӯз натавонистанд пешрафте дошта бошанд".
Ин дар ҳоле аст, ки намояндаи Венесуэла дар Созмони Милали Муттаҳид изҳороти мақомоти амрикоӣ дар бораи музокироти мақомоти ин кишвар бо раҳбарони мухолифонро рад кардааст.