Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуайдо гуфт, "марҳилаи ниҳоии" барканории ҳукумати Мадуро амалӣ мешавад


Раҳбари мухолифони Венесуэла Ҳуан Гуайдо гуфт, ки «марҳилаи ниҳоии» нақшаи барканории президент Николас Мадуроро ба роҳ монда, иддао кард, ки аз пуштибонии «сарбозони ҷасур» бархурдор аст. Вале тарафдорони президент Мадуро гуфтанд, ки чизе тағйир наёфтааст ва кишварро онҳо назорат мекунанд. Мақомот дар ҳукумати Мадуро рӯзи 30 апрел амалкарди Гуайдоро ҳамчун талоши табаддулоти давлатӣ маҳкум карданд. Бархе гузоришҳо ҳокист, ки дар пойгоҳи ҳавоии беруни Каракас ба сӯи Гуайдо ва ҳам даҳҳо мардони низомипӯш бо гази ашковар ҳамла сурат гирифт.

Дар нақли қавл аз шоҳидон Reuters гузориш дод, ки тарафдорони низомипӯши Гуайдо ва ҳам сарбозони тарафдори Мадуро ба сӯи ҳам оташ кушоданд. Вазири иттилоот Хорхе Родригес дар саҳифаи худ дар Twitter навишт, ки ҳукумати сотсиалистии Мадуро бо як “талоши кудатои” хурд, ки аз ҷониби низомиёни “хоин” ҳимоят мешавад, дастбагиребон шудааст.

Вазири дифоъ Владимир Падрино гуфт, ки нирӯҳои мусаллаҳ дар ҳимояти ҳукумати Мадуро қарор доранд ва ҳамаи воҳидҳои низомӣ гузориш доданд, ки дар ҳама ҷо ва ҳам пойгоҳҳо вазъ мӯътадил мебошад. Гуайдо, ки президентии ӯро ИМА ва дигар кишварҳо дастгирӣ мекунанд, дар як навори видеоӣ ҳозир шуд ва дар он дида мешавад, ки ӯ дар пойгоҳи ҳавоии Ла Карлота дар иҳотаи афроди мусаллаҳ ва ҳам мошинҳои қавии ҳарбӣ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG