Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC: "Хуҷанд" бозиро дар майдони худ бо "Алтин Асир" мусовӣ кард


Бозии даври сеюми Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) -2019 дар гурӯҳи«D» миёни дастаҳои "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва "Алтин Асир"-и Ишқобод бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Бозии ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бо қаҳрамони Туркманистон имрӯз, 30-юми апрел, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Нимаи аввали бозӣ, ки чандон ҷолиб набуд, бидуни гол ба поён расид. Дар нимаи дуюми дидор мизбонон фаъол буданд. Вале кушодани ҳисоб ба футболбозон муяссар нашуд.

Дар бозии дигари даври сеюми Ҷоми AFC -2019 дар гурӯҳи “D”, ки рӯзи чоршанбе, 1-уми май, баргузор мешавад, дастаи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, бо тими "Дордой", қаҳрамони Қирғизистон, рақобат мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол”ва “Хуҷанд” бо чоримтиёзӣ пешсафанд. “Алтин Асир” бо се имтиёз ҷойи сеюм ва “Дордой” бо як имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол кардаанд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ то рӯзи 26-уми июн идома хоҳад кард. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” финалисти дукаратаи Ҷоми АFC маҳсуб мешавад, вале “Хуҷанд” барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо кардааст.

Ҷоми AFC-2019

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

3 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) - 3:0

Голҳо: Руслан Корян, 50 (1:0). Алишер Ҷалилов, 68 –аз пеналтӣ (2:0). Руслан Корян, 72 (3:0).

«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:1

Голҳо: Воҳид Оразсаҳедов, 45+1 (1:0). Аннасаҳет Аннасаҳедов, 85 (1:1).

Даври 2-юм

17 апрел (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) -1:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 79 (0:1), Салим Нурмуродов, 80 (1:1).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 3:1

Голҳо: Бекжан Сагинбаев, 17 (0:1), Дилшод Восиев, 42 (1:1), Дилшод Восиев, 63 (2:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 89 – аз пеналтӣ (3:1).

Даври 3-юм

30 апрел (сешанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 0:0

«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Давид Купатадзе, Манучеҳр Аҳмадов, Давронҷон Эргашев, Асилҷон Бегимқулов, Торнике Ҷимшелеишвили, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев, Комрони Мирзонаҷот, Турсуналӣ Рустамов (Фирдавс Чақалов, 72), Дилшод Восиев (Дилшод Бозоров, 51ʹ), Ҷаҳонгир Эргашев.

«Алтин Асир» (Туркманистон): Мамед Оразмуҳамедов, Зафар Бобоҷонов, Мекан Сапаров, Алтимурод Аннадурдиев, Салим Нурмуродов (Бегмурод Боев, 75), Мурод Яхшиев, Мекан Аширов (Мурод Аннаев, 65), Қурбонгелдӣ Ботиров (Аннасаҳет Аннасаҳедов, 57), Бахтиёр Гургенов, Велмурод Баллаков, Сардор Гелдиев.

Огоҳӣ гирифтанд: Асилҷон Бегимқулов («Хуҷанд»). Зафар Бобоҷонов, Велмурод Баллаков («Алтин Асир»)

Сардовар: Халид Солеҳ Ал-Турайс (Арабистони Саудӣ).

Ёварони сардовар: Абдулраҳим Ҳабиб Ал-Шаммарӣ, Ясир Абдулло Ал-Султон (ҳарду аз Арабистони Саудӣ).

Нозири доварон: Ҳусайн Гҳадҳанферӣ (Кувайт).

Комиссари бозӣ: Санҷай Кумар (Ҳиндустон).

30 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 5200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

2

1

1

0

4-1

4

2

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

3

1

1

1

3-4

4

3

«Алтин Асир» (Туркманистон)

3

0

3

0

2-2

3

4

«Дордой» (Қирғизистон)

2

0

1

1

2-4

1

Даври 3-юм

1 май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 4-ум

15 май (чоршанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 5-ум

19 июн (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

26 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

XS
SM
MD
LG