Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии “Хуҷанд” ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2018


Тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиюни футболи Осиё)-2018 дар варзишгоҳи “Спартак”-и маркази вилояти Суғд идома медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Хуҷанд”, даста бо якчанд бозигаре, ки муҳлати қарордодашон хотима ёфтааст, хайрухуш намуд. Дарвозабон Рустам Ризоев, нимҳимоятгар Шоҳрух Раҷабматов ва ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов аз ҷумлаи онҳоянд.

Ба даста бозигарони нав, аз қабили ҳимоятгар Фирдавс Чақалов аз бошгоҳи ССКА «Помир»-и Душанбе, нимҳимоятгар Фирӯз Қараев аз тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, нимҳимоятгар Кароматулло Саидов аз дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор ва ҳамлагар Амирҷон Раҳимов аз тими “Эсхата”-и Хуҷанд даъват шудаанд, ки дар ҳамин ҳол дар ҷамъомади таълимиву тамринии бошгоҳи “Хуҷанд” ширкат доранд.

Бозии аввали “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон - «Аҳал»-и Туркманистон рӯзи 13-уми феврал ё дар Бишкек ва ё дар Балканобод барпо мегардад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд багузор мешавад.

Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақсад доранд дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё маҳорати хуб нишон дода, мухлисонашонро шод гардонанд. “Тамоми кӯшишу ғайратамонро барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 сафарбар мекунем”, - иброз дошт Рустам Хоҷаев.

Дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 роҳ ёфтан, «Хуҷанд» дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон - бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, “Хуҷанд” соли гузашта барои ҷойи дувум дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо медалҳои нуқра сарфароз шудааст. Инчунин “Хуҷанд”, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ғолиби ин мусобиқот гардидааст.

XS
SM
MD
LG