Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Қирғизистон зидди кони уран раҳпаймоӣ карданд


Дар ин иқдом наздики 200 сокини маҳаллӣ ширкат кард. Онҳо талаб карданд, ки корҳои иктишофӣ ва истихроҷи уран дар саросари Қирғизистон манъ шавад.

Пештар аз ин додгоҳи ноҳияи Балиқчӣ роҳпаймоии эътирозӣ то шаҳри Бишкекро манъ, аммо гирдиҳамоиро иҷозат дода буд.

Эътирозҳо зидди истихроҷи уран дар Қирғизистон баъди он сар заданд, ки хабари коркарди кони уран дар вилояти Иссиқкӯл расонаӣ шуд. Фаъолони маданӣ ба ҷамъоварии имзо шуруъ ва тасмими баргузории эътирозҳоро эълом карданд.

Ширкати русиву қирғизии "ЮрОсиё дар Қирғизистон" мехост, дар кони ноҳияи Тони Иссиқкӯл уран истихроҷ кунад. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаеро зидди коркарди кон ба роҳ монда, фаъолони маданӣ дар Бишкек эътироз карданд. Онҳо гуфтанд, коркарди уран ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарари сахт мерасонад.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 апрел дастур дод, ки то эъломи натиҷаи ташхиси зистмуҳитӣ корҳо дар кон қатъ шаванд.

Худи ширкат мегӯяд, ҳангоми коркарди уран аз техникаҳои бехатарӣ истифода мекунад ва ба муҳити зист осебе нахоҳад расид.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод карданд, ки то соли 2070 ба истихроҷи уран дар ин кишвар моратория эълом шавад.

XS
SM
MD
LG