Пайвандҳои дастрасӣ

"Break-dance дар Тоҷикистон ҷои по пайдо накард", чаро? ВИДЕО


Break-dance (брейкданс) барои Фирдавс Ҷӯраев, сокини шаҳри Душанбе, танҳо ҳоббӣ ё шуғли дӯстдошта нест. Ӯ мехоҳад, аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон нишони қаҳрамонӣ орад.

Баъзан дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ мебинем, вале онҳо аз номи кишвари дигар иштирок мекунанд. Афсӯс

"Баъзеҳо ба "брейкданс" ҳамчун навъи рақси варзишӣ бовар надоранд. Аввал варзишгарони ин навъи рақс зиёд буданд. Мутаассифона, онҳо бо сабабҳои гуногун пароканда шуданд. Мехоҳам, то ба охир дар ин роҳ бошам ва Тоҷикистонро муаррифӣ кунам", -- нақл кард ӯ рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ.

Пешниҳоди Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои ба феҳристи Бозиҳои олимпӣ ворид кардани "брейкданс", Фирдавсро барои расидан ба орзуяш умедвор кардааст.

Ӯ гуфт, "ба ман бисёриҳо мегӯянд, ки рақс бароят чӣ даркор аст? Беҳтар аст, ки илм омӯзӣ. Онҳоро мефаҳмам, аммо ин роҳ ва интихоби ман аст. Ҳама чиз дар дасти худи инсон аст. Агар мақсад дошта бошӣ, бояд аз паяш равӣ."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Break-dance дар Тоҷикистон ҷойи по пайдо накард, чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

"Брейкданс" дар Тоҷикистон баъди солҳои 2000-ум ба муд даромад. Барои дӯстдорони "брейкданс" ва намудҳои дигари рақси варзишӣ, Федератсияи махсус ҳам таъсис ёфт, аммо масъулон мегӯянд, бештари ҷавонон дар нимаи роҳ онро тарк мекунанд.

"Дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки мақомот зидди фарҳанги "бегона" мубориза мекунанд, ривоҷ додани ҳар чизи нав мушкил аст. Худи мардум ҳам мегӯянд, ки беҳтар аст навъи рақс ва бозиҳои миллӣ ҳифз шавад", -- гуфтанд баъзе ҳамсуҳбатони мо.

Фирдавс Ҷӯраев
Фирдавс Ҷӯраев

Азиза Қаюмова, раиси Федератсияи рақсҳои варзишӣ, ҳам гуфт, "ҷомеаи мо рақсро дуруст ва ҷиддӣ қабул намекунад. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони хеле боистеъдод доштем, ки метавонистанд то ба мусобиқоти байналмилалӣ рафта, ғолиб оянд. Вале волидони баъзеи онҳо зид баромаданд. Ба рақс ва машқ роҳ надоданд. Ё барои баъзеашон мушкили дигар пеш омад."

Мақомот мегӯянд, ҳанӯз заминаи кофӣ барои рушди ин навъи варзиш вуҷуд надорад ва ин боиси аз номи кишвари дигар ширкат кардани варзишгарон дар мусобиқаҳо шудааст.

"Бо бисёре аз бачаҳо тамос дорем ва суҳбат мекунем. Баъзан дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ мебинем, вале онҳо аз номи кишвари дигар иштирок мекунанд. Афсӯс", -- гуфт Азиза Қаюмова.

Азиза Қаюмова
Азиза Қаюмова

Фирдавс Ҷӯраев барои рушди "брейкданс" аз Хуҷанд ба пойтахт омад ва мегӯяд, бо ҳар роҳе барои ҷалби наврасон ба ин намуди варзиш талош хоҳад кард.

Брейкданс, скейтборд, серфинг ва шӯхпаймоии варзишӣ бо пешниҳоди кумитаи тадорукоти Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ҳамчун намудҳои муваққатӣ ба барномаи Олимпиада ворид хоҳанд шуд, вале онҳо бояд ба тамоми муқаррароти мавҷуда мутобиқат кунанд. Натиҷаи ниҳоӣ оид ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КБО моҳи декабри соли 2020 гирифта хоҳад шуд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG