Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Куриёи Шимолӣ лимузинро аз куҷо гирифтааст?


Ким Чен Ин, раҳбари Куриёи Шимолӣ аз куҷо лимузини зиреҳпӯшро ба даст овардааст? Ба ин суол дар ширкати олмонии Daimler, ки истеҳсоли ин навъи мошинҳоро ба уҳда дорад, ҷавоб гуфта натавонистанд.

Дар ширкат ба хабаргузории Associated Press гуфтаанд, онҳо маҳсулоти худро ба Куриёи Шимолӣ намефурӯшанд. Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Куриёи Шимолӣ содироти баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла чунин лимузинҳоро иҷоза намедиҳад.

Ким Чен Ин ҳангоми чанде аз мулоқоти байналмилалии худ аз лимузини истеҳсоли ширкати Daimler истифода кардааст.

Чанд рӯз қабл ӯ барои мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар Владивосток бо лимузини Mercedes Maybach S600 Pullman Guard ва Mercedes Maybach S62 ҳозир шуд. Мошини аввалро Ким Чен Ин ҳангоми мулоқот бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар Вйетнам низ истифода кардааст.

Дар изҳороти Daimler гуфта шудааст, ширкат беш аз 15 сол боз маҳсулоти худро ба Куриёи Шимолӣ дастрас намекунад ва содироти мошинҳояшро ҷиддӣ назорат дорад. Аммо дар изҳорот таъкид шудааст, ширкат ба амалкарди тарафи севум, ки мумкин аст лимузинҳоро ба Куриёи Шимолӣ фурӯхта бошад, посухгӯ нест.

XS
SM
MD
LG