Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Трамп дастури таҳияи созиши ҳастаӣ бо Русияву Чинро додааст


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти ИМА ба ҳукуматаш дастур дод, ки лоиҳаи нави созиши ҳастаӣ бо Русияву Чинро дар мавриди назорати таслиҳотӣ таҳия кунад. Дар ин бора The Washington Post ва CNN бо такя ба манобеи худ иттилоъ доданд.

Ба навиштаи расонаҳо, Трамп ба ин тартиб мехоҳад, истифодаи силоҳи ҳастаии Русияро маҳдуд кунад, ки дар ҳоли ҳозир бо ҳеч созишномаи дигар танзим намешавад. Ин лоиҳаи созиш ҳамчунин пешгирӣ ва тафтиши иқтидори ҳастаии Чинро дар назар дорад. Трамп ишора кардааст, ки назорати таслиҳоти ҳастаӣ бояд ҳама навъи силоҳ, кулоҳакҳо ва мушакҳои Русияву Чинро дар бар гирад.

Дар ҳоли ҳозир дар Кохи сафед танҳо гузинаҳои эҳтимолиро барои иҷрои дастури Трамп таҳия мекунанд. Имзои чунин созишнома миёни ИМА ва Чину Русия дастоварди бузурги дипломатӣ хоҳад буд. Аммо ба чунин созиш расидан эҳтимол дорад, солҳои тӯлониро дар бар гирад. Дар ҳоле, ки муҳлати президентии Трамп соли 2020 ба поён мерасад.

Ба навиштаи Washington Post, ҳукумати Трамп аз силоҳи ҳастаие дар ташвиш аст, ки Русия ба он даст ёфтааст ё дар садади дастёбӣ аст. ИМА дар ҳоли ҳозир чунин ҳаҷми силоҳро надорад, менависанд расонаҳо.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони расонаҳо, эҳтимол дорад, ки Чин умуман ба созишномаи ҳастаӣ таваҷҷуҳ зоҳир накунад.

XS
SM
MD
LG