Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Ким Чен Ун хостори дӯстии бештар шуданд


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ рӯзи панҷшанбеи 25-уми апрел дар аввалин мулоқоти худ дар Владивосток, ба таҳкими равобит миёни ду кишвар таъкид карданд.

Ҳангоми мулоқоти як ба як, ки қариб ду соат давом кард, президенти Русия бо роҳбари Корея Шимолӣ беҳсозии вазъ дар нимҷазираи Куриёро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи Путин, мулоқот хуб анҷом шуд. Ким Чен Ун низ дар навбати худ гуфтугӯҳоро мусбат баҳо дода, аз сафараш ба Русия изҳори хушнудӣ кард. Ким Чен Ун дар ин мулоқот ба Путин гуфтааст, равобит миёни Русия ва Кореяи Шимолиро тақвият хоҳад бахшид.

Баъди мулоқот Ким Чен Ун гуфт, "мо дар бораи масоили мавриди назари тарафаён табодули назари пурборе доштем". Владимир Путин гуфт, ки ӯ ва Ким Чен Ун барои коҳиши танишҳо дар атрофи барномаҳои атомии Кореяи Шимолӣ "суҳбати муҳиме" доштанд.

Интизор меравад, роҳбарони Русия ва Кореяи Шимолӣ роҳҳалҳои мушкили ҳастаии нимҷазираи Корея, инчунин ояндаи рушди муносибатҳоро баррасӣ кунанд. Мулоқоти раҳбари Кореяи Шимолӣ ва раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Владивосток дар шарқи Русия сурат гирифт ва ин аввалин мулоқот байни Владимир Путин ва Ким Чен Ун мебошад.

Қабл аз ин мулоқот, Ким Чен Ун ба расонаҳои давлатии Русия гуфта буд, умедвор аст нахустин мулоқоти як ба якаш бо Путин комёб ва муфид бошад. Ким Чен Ун рӯзи 24-уми апрел тавассути қатори зиреҳӣ ба Владивосток рад. Духтарони ба тан либоси миллипуши рус ба пешвози ӯ омаданд ва ва ба расми куҳани Русия, нон ва намак пешкаш карданд.

Мулоқоти раҳбари Кореяи Шимоли бо раиси ҷумҳури Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ мулоқоти Ким Чен Ун бо раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба нокомӣ анҷомид ва ҷонибҳо натавонистон дар мавриди аз байн бурдани силоҳи атомӣ дар нимҷазираи Корея, ба созиш бирасанд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ Вашингтон ба хотири барномаҳои атомии Кореяи Шимолӣ, алайҳи ин кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Бо вуҷуди ин, Вашингтон дар бораи мулоқоти савум байни раҳбарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ суҳбат мекунад, аммо Пхенян ҳафтаи гузашта изҳор дошт, ки вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео дар ҳеч яке аз музокирот ҳузур надошта бошад. Майк Помпео рӯз чаҳоршанбе гуфт, гуфтугӯҳо бо Кореяи Шимолӣ бо нишебу фароз ҳамроҳ хоҳад буд.

Ҳафтаи гузашта намояндаи вижаи Амрико барои Кореяи Шимолӣ бо мақомоти рус дар Маскав мулоқот дошт. Ҳадаф аз баҳсу баррасиҳои ӯ чигунагии ғайри атомӣ сохтани нимҷазираи Корея буд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG