Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов 24 апрел дар як ҷаласаи видеоии худ бахшида ба омодагиҳо барои 9 май аз онҳое интиқод кард, ки "лентаҳои русии георгий"-ро мебанданд. Ӯ гуфт, бояд маъракаи ҳамсонеро бо парчами Ӯзбекистон ба роҳ монд.
Орипов дастур дод, ки маъракаи мазкур дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ҷалби сарояндаҳои ба монанди Шаҳзода ва Райҳон роҳандозӣ карда шавад. Ӯ ҳамчунин хост, 100 ҳазор лента бо ранги парчами миллии Ӯзбекистон омода ва миёни сокинон тақсим карда шавад.
"Ин чорабинӣ ғайрирасмӣ аст ва он бояд мардумро самимона муттаҳид созад", - афзуд сарвазири Ӯзбекистон.
Истифодаи "лентаҳои георгий" пас аз он манъ шуд, ки бархе аз таърихшиносони ӯзбек гуфтанд, ҳангоми ишғолгариҳои Русияи подшоҳӣ бештари генералу афсарон бо орден ва "лентаҳои георгий" сарфароз гардонида шуда буданд. Дар орденҳо номи шаҳрҳои Ӯзбекистон навишта шуда буд, ки дар натиҷаи куштори сокинони маҳаллӣ ишғол шуданд.
Бино ба хабарҳо, бахшида ба рӯзи 9 май ва 74-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм ба иштирокдорон ва маъюбони Ҷанги ҷаҳонии дувум дар Ӯзбекистон кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми $900 дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 878 иштирокчии ҷанги мазкур ба сар мебаранд.