Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Сурия барои иштирок дар гуфтугӯҳои сулҳ вориди Қазоқистон шуданд


Ҳайати кишварҳои кафили гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар шаҳри Нурсултон барои иштирок дар даври 12-ум вориди пойтахти Қазоқистон шуданд. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Қазоқистон иттилоъ дод.

Ба огаҳии вазорат, ҳайатҳои ҳукумат ва мухолифони Сурия аллакай вориди шаҳри Нурсултон шудаанд. Интизор меравад, фиристодаи махсуси дабири кулли СММ Гейр Педерсен низ ба Қазоқистон биравад.

Дар даври 12-уми гуфтугӯҳои сулҳи Сурия, ки қарор аст, 25 ва 26 апрел дар шаҳри Нурсултон баргузор шавад, Урдун ҳамчун кишвари нозир ва намояндагони СММ дар умури паноҳандагону Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх иштирок хоҳанд кард.

Рӯзи 25 апрел вохӯриҳои дуҷониба ва сеҷониба баргузор шуда, ҷаласаи умумӣ ва нашри изҳороти муштарак 26 апрел дар назар аст.

Ҷонибҳои гуфтугӯи пешин, ки охирҳои моҳи ноябри соли гузашта дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуда буд, натавонистанд, дар робита ба ташкили Кумитаи конститутсионии Сурия ба созише бирасанд.

XS
SM
MD
LG