Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон ҳукми вакили пешинро дар Қазоқистон сиёсӣ номид


Алмосбек Батирбеков, роҳбари ҷиноҳи порлумонии "Қирғизистон" гуфт, аз ҳукми додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон розӣ нест, ки нисбати вакили пешини Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу содир шуд. Алмосбек Батирбеков мегӯяд, айби вакили пешини порлумони Қирғизистон исбот нашудааст.

"Мо ҳамроҳ бо наздикон ва вакилони мудофеи вай вазъро таҳлил кардем. Ба хулоса расидем, ки ба зинаҳои болоӣ шикоят барем. Мо сабтҳои фавриро тамошо кардем, дар наворҳо дида мешавад, ки вакил гуноҳкор нест. Зоҳиран, ҳукми сиёсӣ содир шудааст", - гуфт Батирбеков.

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулуро 24 апрел бо айби "ташкил ва роҳбарии гуруҳи фаромиллии муташаккили ҷиноӣ" ва "қочоқи иқтисодӣ" 10 сол зиндонӣ кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ӯро 13 сол зиндонӣ кунад.

Дамирбек Асилбек уулуи 38-сола аз 15 феврали соли 2018 дар ҳабс аст.

Ду шаҳрванди дигари Қирғизистон - Уланбек Мурадилови 39-сола ва Шингис Абакирови 34-сола дар узвияти гуруҳ айбдор дониста шуданд.

Айбдоршавандаҳои дигар аз 14 то 5-солии ҳабси шартӣ маҳкум шуданд.

Ҳамроҳ бо вакили пешин дар курсии айбдорӣ 11 каси дигар менишаст. Ҳамаи онҳо дар "қочоқи иқтисодӣ" ва "ширкат дар гуруҳи фаромиллии ҷиноӣ" айбдор мешуданд. Ба иттилои тафтишот, ин гуруҳ аз Чин ба Қазоқистону Русия ғайриқонунӣ мол интиқол медод.

Дар бораи боздошти вакили пешини порлумони Қирғизистон Асилбек уулу 16 феврали соли 2018 хабар расид. Мақомоти Қазоқистон дар пайи як рейд аз боздошти 29 гумонбар хабар доданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Баъдтар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон мандати вакилии Асилбек уулуро бекор кард.

XS
SM
MD
LG