Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳо дар атрофи кони урани вилояти Иссиқкӯл


Ширкати "ЮрАзия дар Қирғизистон" вазъи атрофи коркарди уран дар вилояти Иссиқкӯлро шарҳ дод. Светлана Менг, мудири кулли ширкат мегӯяд, истихроҷи уран барои муҳити атроф ва сокинони маҳаллӣ зиёновар нест.

"Конҳои уран дар ҳоле хатарнок мешаванд, ки агар шумо коркарди ҳаҷми бузург ва зеризаминии онро бар роҳ монед. Мо коркарди ҳаҷми хурди онро анҷом медиҳем. Одамон дар ин макон солҳои сол зиндагӣ кардаанд. Онҳо танҳо оташро бод медиҳанд. Мо технологияи безарартаринро интихоб кардем. Мо заминро покиза мекунем, дарахт ҳам мешинонем, агар зарур шавад. Чарогоҳ ба маротиб беҳтар мешавад", - гуфт вай.

Масъулони ширкат аз ташкили комисия барои муайян кардани хатарҳои эҳтимолӣ истиқбол кард.

Ба гуфтаи Светлана Менг, "ЮрАзия дар Қирғизистон" танҳо барои корҳои иктишофӣ 3,8 миллион доллар харҷ кардааст. Ширкат тасмим дорад, хулосаи комисияро мунтазир шавад.

Ахиран хабар расид, ки ширкати муштараки Русияву Қирғизистон "ЮрАзия дар Қирғизистон" тасмим дорад, дар ноҳияи Тони вилояти Иссиқкӯл уран истихроҷ кунад. Сокинони Қирғизистон зидди коркарди кон эътироз карданд. Сокинон мегӯянд, истихроҷи уран ба муҳити атроф ва сиҳатии одамон таъсири манфӣ мерасонад. Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 апрел дастур дод, ки истихроҷи уран дар кон то анҷоми ташхиси экологӣ қатъ карда шавад.

XS
SM
MD
LG