Пайвандҳои дастрасӣ

8 моҳи зиндон барои задан ва дар бордони мошин андохтани Малика. АКС


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хуршед Азизов, ҷавони гумонбар ба латту кӯби як духтар дар маркази шаҳри Душанберо 8 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Додрас Ғайрат Сангинзода гуфт, "ӯ давраи адои ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ мегузаронад". Ҳукми додгоҳ рӯзи 24-уми апрел содир шуд.

Хуршед Азизов дар рӯзи охирини мурофиа ба гуноҳи худ иқрор кард ва барои чунин рафтораш аз дӯстдухтари худ Малика Соҳибназарова узр пурсид. Ӯ гуфт, "пушаймон ҳастам ва маро бубахш. Дигар такрор намешавад."

Ҷунайдулло Фозилов, вакили мудофеи Хуршед Азизов, ба Радиои Озодӣ гуфт, додрас имкон дошт, ҳукми алтернативӣ, яъне ҷарима таъйин кунад, "аммо аз ин ҳолат истифода набурд". Наздикони Хуршед гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ норозианд ва "он боис ба ислоҳ намешавад. Беҳтар буд, ки ҷарима мебастанд."

Ҳангоми қироати ҳукм. Рӯзи 24-уми апрели 2019
Ҳангоми қироати ҳукм. Рӯзи 24-уми апрели 2019

Навори латту кӯби Малика Соҳибназарова, сокини шаҳри Душанбе, шаби якуми марти имсол аз тарафи корбарони Фейсбук нашр шуд ва вокунишҳои тундро ба бор овард. Дар навор дида мешуд, ҷавон ин духтарро аз бордони мошин поин оварда, латту кӯб мекунад ва боз дубора ба мошин зӯран савор менамояд. Навор аз ҷониби роҳгузаре сабт шуда буд.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе баъди ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтани навор зуд ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд ва он дар давоми ду соат ошкор шуд. Мақомот ҳодисаро “дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ” ва “беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият” номиданд.

Малика Соҳибназарова, духтари 23-солае, ки рӯзи 1-уми март аз ҷониби дӯстписараш Хуршед Азизов шадидан латту кӯб шуд, се рӯз баъди ҳодиса дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "худаш гунаҳкор буд" ва аслан намехоҳад, Азизов барои ин ҳодиса пушти панҷара равад.

Ӯ ҳамин суханҳоро рӯзи 24-уми апрел дар додгоҳ низ баён дошт ва ҳукмро ноодилона донист. Малика Соҳибназарова гуфт, аз рӯи ҳукм ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, бо вуҷуди ин ки Малика Соҳибназарова намехоҳад Хуршед Азизов муҷозот ва зиндонӣ шавад, додгоҳ ҳукми худро содир кард ва бояд ба дигарон "дарси ибрат" шавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз мизони баланди хушунат нисбат ба занон изҳори нигаронӣ карда мегӯянд, дар бисёр ҳолатҳо худи қурбониҳои хушунат хостори муҷозоти озордиҳандаҳояшон нестанд, чунки фикр мекунанд, дар ин сурат мавриди муҷозоту маҳрумиятҳои бештар қарор мегиранд. Инро бархе равонпизишкон бо истилоҳи "синдроми Стокҳолм" ёд мекунанд, ки зани қурбонии хушунат дар ниҳоят ошиқи озордиҳандааш мешавад.

Бархе фаълони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, дар чунин ҳолат масоили эътимод ба нафс, эҳтиром ба ҳуқуқ ва шарафи инсонии зан дар навбати дуюм қарор мегирад. Аз сӯи дигар, наздикони марди озордиҳанда ҳам занро накӯҳиш мекунанд, ки боис ба эҷоди мушкил барои ин мард шуд.

Соли 2017 бунёди ҷамъиятии “Нотабене”-и Тоҷикистон, Созмони ҳамкории байналмилалӣ ва Бунёди Хелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон бо нашри як гузориш гуфтанд, аз ҳар панҷ зан дар Тоҷикистон як нафари онҳо мавриди хушунат қарор гирифтааст. Аксари ин ҳодисаҳо дар шароити хона сурат мегирад ва аз чашми ҷомеа пинҳон мемонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG