Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "қотил"-и рӯзноманигор Бекетова дар Қазоқистон эълом шуд


Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 23 апрел як сокини маҳаллиро бо айби қатли рӯзноманигор Ирина Бекетова дар тирамоҳи соли 2018, 11 сол зиндонӣ кард.

Анатолий Гусейнов, сокини 35-соларо додгоҳ дар расонидани зарарҳои вазнин, ки боиси марги Бекетова шудааст, айбдор донист. Додгоҳ ҳамчунин қарор кард, аз айбдоршаванда бештар аз 15,8 ҳазор доллар ҷуброн рӯёнида шавад.

Гусейнов дар додгоҳ на ҳамаи айбҳои эълоншударо эътироф кард. Вай гуфт, марги Бекетоваро намехост.

Рӯзноманигори 37-соларо 25 сентябри соли гузашта дар даҳлези хонааш бе ҳуш пайдо карданд. Ба иттилои пулис, миёни вай ва марди ҳамбистараш ҷанҷол бархостааст. Мард дар расонидани барқасдонаи ҷароҳатҳои ба саломатӣ вазнин айбдор шуд.

XS
SM
MD
LG