Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили пешини порлумонро ба Ӯзбекистон роҳ надоданд


Вакили пешини порлумони Ӯзбекистон ва узви Ҳизби мухолифи "Эрк" Насрулло Саид ҳангоми бозгашт аз Канада ба ватан дар фурудгоҳи ба номи Ислом Каримов боздошт ва субҳи 21 апрел аз ин кишвар ихроҷ карда шуд.

Насрулло Саид шаҳрванди Канада буда, 13 соли ахир дар онҷо зиндагӣ мекард. Бар асоси қарори президенти Ӯзбекистон аз 1 феврали соли 2019, шаҳрвандони Канада метавонанд, ба муҳлати 30 рӯз бидуни виза ё раводид ба ин кишвар сафар кунанд.

"Дар фурудгоҳи ба номи Каримов афсаре шиносномаи маро гирифта, ба рӯйхате нигарист ва сипас ба ман гуфт, "яктараф истед". Пас аз ду дақиқа ду мард ҳозир шуда, гуфтанд, ки мехоҳанд, бо ман 15 дақиқа суҳбат кунанд", - гуфт Насрулло Саиди 61-сола.

Ба гуфтаи Саид, марзбонони ӯзбек ӯро дар таҳхонаи фурудгоҳ 12 соат нигоҳ доштанд. Субҳ вайро ба ҳавопаймои масири Тошканд-Истамбул иҷборан савор карда, бозпас фиристодаанд.

Кормандони фурудгоҳ ба Насрулло Саид қарори манъи вурудаш ба Ӯзбекистонро дода, гуфтаанд, ки "боло" аз қазия огоҳ аст. Дар қарор омадааст, ки вуруди Саид ба Ӯзбекистон бар пояи "Конвенсияи байналмилалии авиатсияи шаҳрвандӣ" манъ шудааст. Бар асоси конвенсия, шахсоне, ки ба амнияти кишвар хатар доранд, ҳаққи вуруд ба қаламрави онро надоранд.

Насрулло Саид дар солҳои 90-ум раҳбари бахши Ҳизби мухолифи демократии "Эрк" дар Бухоро буд. Соли 2005 вайро ба паҳни суруди мамнуи Дадахон Ҳасан айбдор карданд ва маҷбур шуд, кишварро тарк кунад. Ӯ соли 2017 аз президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хост, иҷозат диҳад, ба ватан баргардад.

XS
SM
MD
LG