Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар атрофи Хонаи фарҳанги куриёӣ дар Тошканд моҷаро бархост


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо президенти Куриёи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин 20 апрел дар шаҳри Тошканд Хонаи фарҳанг ва санъати куриёиро кушоданд.

Мудири кулли ширкати сохтмонии «Sehwa Construction» Чо Джонгуанг гуфт, бино аз ҳисоби фиреби паймонкори куриёӣ ва қарздиҳандагони ӯзбекистонӣ сохта шудааст.

Мудири ширкат афзуд, ҳукумати Ӯзбекистон аз вай хостааст, ки биноро шаш моҳ пеш аз муҳлат ба истифода супорад ва ҳукумат дар навбати худ ҳамаи харҷҳоро мепардозад. Аммо то кунун ваъдаҳояшро иҷро накардааст.

Куриёи Ҷанубӣ барои сохтмони Хонаи фарҳанг ва санъат дар Тошканд наздики 5 миллион доллари ИМА ҷудо кард. Ширкати паймонкор 20 дарсади маблағи ҷудошударо дарёфт ва ба сохтмони бино оғоз кард.

20 майи соли 2016 Шавкат Мирзиёев, ҳанӯз дар даврони сарвазириаш бо мақомоти Куриёи Ҷанубӣ ба сохтмони Хонаи фарҳанг ва санъат ҳусни оғоз бахшида буданд. Мудири кулли ширкати паймонкор мегӯяд, охири соли 2017 вазъ якбора тағйир кард.

"Мақомоти Ӯзбекистон иҷрои қарори имтиёзҳо барои сохтмонро қатъ карданд. Баъди он мо маҷбур шудем, ки маҳсулоти сохтмониро аз бозор гарон харидорӣ кунем. Ҷониби Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки маблағи иловагӣ ҷудо нахоҳад кард. Ба ман фишор оварданд - ё сохтмонро ба итмом мерасонам ё зиндонӣ мешавам", - гуфт мудири ширкат.

XS
SM
MD
LG