Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо сабаби қатъи кор дар кони урани Қирғизистон шуданд


Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 апрел дастур дод, ки то поёни ташхиси зистмуҳитӣ корҳои иктишофӣ дар кони урани ноҳияи Тони вилояти Иссиқкӯл қатъ карда шаванд. Дар ин бора Девони вазирони Қирғизистон хабар дод.

"Масъалаи даромади будҷа ва ташкили ҷойҳои корӣ дувумдараҷа аст. Бори дигар мегӯям, бояд нахуст муайян кард, ки ба саломатӣ ва муҳити зист зарар хоҳад дошт, ё не, сипас тасмим гирифта шавад", - афзуд ӯ.

Ширкати "ЮрОсиё", ки 60%-и саҳмияҳояшро соҳибкорони рус ва 40%-ро қирғизҳо дар даст доранд, дар кони "Қизил-Омпол"-и ноҳияи Тон уран истихроҷ карданист.

Вале сокинони маҳаллӣ зидди коркарди конанд. Ба гуфтаи онҳо, кон дар минтақаи сайёҳӣ ҷойгир буда, коркардаш ба бад шудани вазъи зистмуҳитии минтақа, коҳиши ҷаҳонгардон, афзоиши сатҳи бекорӣ сабаб хоҳад шуд. Фаъолони ҷомеаи мадании Қирғизистон зидди коркарди кони урани Тон маъракаи ҷамъоварии имзоро ба роҳ монда, дар як шабонарӯз 11 ҳазор имзо ҷамъ карданд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш ҳукумати Қирғизистон барои анҷоми корҳои иктишофӣ дар кони мазкур комисияеро зери раҳбарии раиси Кумитаи саноат, энергетика ва истифодаи захираҳои зеризаминии ин кишвар Эмил Осмонбетов таъсис дода буд, ки ба ҳайати он вазирон, намояндаи ҳукумат дар Иссиқкӯл ва раиси ноҳияи Тон шомил шуданд.

Ба огаҳии кумита, барои коркарди кон 18 ноябри соли 2010 иҷозатнома дода шудааст ва он то 31 декабри соли 2020 амал мекунад.

XS
SM
MD
LG