Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украинҳо аз Петро Порошенко сипосгузорӣ карданд


Ҳазорҳо сокини Украина бо нишони миннатдорӣ ба ислоҳоти гузаронидаи Петр Порошенко дар давраи раёсаташ дар назди бинои Маъмурияти президент дар шаҳри Киев зери унвони "Ташаккур, Петр" ҳамоишеро баргузор карданд.

Кормандони Маъмурияти президенти Украина ба чандин ҳазор иштирокчии ҳамоиш иҷозат доданд, ки вориди саҳни маъмурият шаванд.

Президенти амалкунандаи Украина Петр Порошенко назди сокинон баромада, барои ҷонибдорияшон миннатдорӣ баён кард. Ӯ гуфт, муттаҳидии онҳо дар ояндаи наздик ба "пирӯзии нав" хоҳад расонд.

"Бо ҳам дар интихоботи порлумонӣ пирӯз хоҳем шуд. Пас аз интихоботи оянда дар якҷоягӣ ба хиёбони Банковая бармегардем", - иқтибос овардааст нашрияи "Украинская правда" аз суханони Порошенко.

Хиёбони Банковая барои он маъруф аст, ки бинои Маъмурияти президенти Украина дар он ҷойгир аст.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми июли соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG