Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи асосии "Парасту"-ро ба "Фирдавсӣ" доданд. ВИДЕО


Бархӯрди номуносиби дарбориҳо бо шоирони тавоно ва дур аз ҳалқаи ҳукмрон. Ин маҳаки асосии намоишномаи "Фирдавсӣ" аст, ки баъди тақрибан ду ҳафтаи намоиши нахуст дар Душанбе ҷоизаи асосии ҷашнвораи имсолаи "Парасту"-ро соҳиб гардид.

Намоишномаро Султон Усмонов, коргардони театри ба номи Лоҳутии пойтахт, аз рӯйи романи "Фирдавсӣ"-и нависандаи шинохта Сотим Улуғзода таҳия кардааст. Нақши меҳвариро дар он Қурбони Собир бозид.

Усмонов рӯзи 22-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи онҳо на гирифтани ҷоиза, балки рӯи саҳна овардани намоишномаи хубу диданӣ буд ва то ҷое ба ин мақсади худ расиданд. "Бовар кунед, хеле шодем. Вақте чунин асарҳоро рӯи саҳна меорӣ, заҳмат металабад. Ин ҷоиза моро водор мекунад, ки боз ҳам беҳтар кор кунем ва арзанда бошем", - афзуд ӯ.

Гузориш аз намоиши нахусти "Фирдавсӣ":

Нахустнамоиши “Фирдавсӣ” дар театри Лоҳутӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00

Ҳунарманди тоҷик Қурбони Собир, ки дар намоишномаи “Фирдавсӣ” нақши асосиро иҷро кардааст, рӯзи душанбе гуфт, он қадар шод аст, ки дар худ намегунҷад: "Пеши ҳаводорони театр ва ҳамкорони худ, ки дар канори ҳам намоишро омода кардем, сарбаланд шудем.”

Фирдавсӣ ва замони мо

Рӯзи намоиши нахусти “Фирдавсӣ” (10-уми апрел) толори театри ба номи Лоҳутии пойтахт пур аз тамошобин буд. Коргардони тоҷик Султон Усмонов он вақт гуфта буд, бо ин намоишнома хостанд ба мардум гӯшзад кунанд, ки бояд ба қадри бузургону фарҳанг ва расму оини худ бирасанд: "Аслан бояд ба қадри шахсиятҳои бузурги худ расем. Мо аз роман лаҳзаҳои тақдирсози ҳаёти Фирдавсиро чида-чида гирифтем."

Тақдири Фирдавсии Тӯсӣ дар ҳоле баъд аз ҳазор соли маргаш рӯи саҳнаи тоҷик омад ва соҳиби ҷоиза шуд, ки адибон аз вазъи на он қадар хуби фазои эҷодӣ дар шароити кунунӣ шиква мекунанд. Набуди ҳаққи қалами хуб ва камбуди хонанда ва набуди маблағи нашри китобҳо аз мушкили эҷодкорони имрӯз гуфта мешавад. Инчунин, баъзе аз адибон ба "худӣ"-ву "бегона" ҷудо шудаанд, ки осори баъзеи онҳо ба хотири ҳимоят аз ҳукумат пайваста аз ҳисоби мақомот нашр мешавад. Вале эҷодиёти гуруҳи дигар ба хотири мухолифат ё интиқодашон аз ҳукумат ё аз ҳисоби худашон ба табъ мерасад ё рӯйи чопро намебинад.

Аз "Қорӣ-ишкамба" то "Карим-девона"

Ҷашнвораи театрҳои касбӣ – "Парасту-2019" – рӯзи 15-уми апрел дар Душанбе ва бо намоишномаи “Камоли Хуҷандӣ” оғоз ёфт. Дар ҷашнвора театрҳои касбии кишвар намоишномаҳои худро ба тамошо гузоштанд. Ҷои аввалро Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барои “Хусрав ва Ширин” ва Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом барои “Қорӣ-ишкамба" гирифтанд.

Ҷои дувум насиби Театри русии ба номи Маяковский барои “Тартюф” ва Театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои “Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд” шуд. Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишномаи “Карим девона” ва Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одил Назарови шаҳри Хуҷанд бо намоишномаи “Пораи дили модар” мақоми севумро соҳиб гардиданд.

"Дард"-и театрҳои тоҷик

Далери Имомалӣ, ҳунарманди ҷавони тоҷик, мегӯяд, ҳузури бинандагон дар намоишномаҳо хеле кам буд ва баъзеҳо баъди 10-20 дақиқаи намоиш театрро тарк мекарданд, ки ба бовари ӯ "ҳақ ҳам доштанд".

"Мусибатеро, ки чанд сол боз "Парасту" ва коргардонҳо меоранд, ин аст, ки мегӯянд, мо ба драматургияи миллӣ бояд рӯй оварем. Дар чаҳор-панҷ "Парасту"-е, ки мегузарад, на драматургияи мо рушд кард ва на драматургҳои ҷавон пайдо шуданд. Коргардонҳо маҷбур ба ақиб бармегарданд, ба Фирдавсию Камоли Хуҷандӣ ва Айнӣ. Иҷозат диҳанд, ки аз драматургияи ҷаҳонӣ намоишнома омода кунанд. Мо дар 90 дар сади намоишномаҳо як кат, як дастархон ва як табақ ош доштему ду чойник чой, тамом”, - шарҳ дод ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, аксар театрҳои Тоҷикистон худкифо нестанд ва дар мавқеи давлатӣ ё нимарасмӣ фаъолият мекунанд. Онҳо аз назари молӣ дастнигаранд ва барои ба саҳна гузоштани намоишномае ба сармоягузорӣ эҳтиёҷ доранд. Ин аст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз театрҳои касбии замонавӣ вуҷуд надорад. Як мушкили дигари театрҳои Тоҷикистон – вуҷуди сензураи нонавишта ба мавзӯъҳои ҳассоси сиёсӣ гуфта мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG