Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Помпео Толибонро маҳкум кард, ки ...


Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар як гуфтӯгуи телефонӣ бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон амалиёти баҳории Толибон маҳкум кардааст. Ӯ ҳамчунин аз он изҳори таассуф кардааст, ки гуфтӯгуҳо бо ин гуруҳ ба таъхир андохта шуд.

Қарор буд, 250 сиёсатмадор ва намояндагони ҷомеаи маданӣ барои гуфтугу бо Толибон дар рӯзи 19-уми апрел ба муколамаи байнулафғонӣ мерафтанд. Ва ин нахустин муколамае мешуд, ки намояндагони Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар он пушти як миз менишастанд. Аммо гуфтугуҳоро ба сабаби ихтилофи назар дар бораи таркибу теъдоди намояндагони ҳайат дар рӯзи 18-уми апрел лағв карданд.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 21-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Майк Помпео амалиёти баҳории Толибонро маҳкум кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки муколама дар Қатар як фурсати муҳиме барои сулҳ дар Афғонистон аст.

Дар баёния омадааст: “Вазири умури хориҷӣ тамоми тарафҳоро ташвиқ кард, аз фурсат истифода баранд, ширкатдоронро дарк кунанд, то муколамаи байнулафғонӣ ҳарчӣ зудтар дар Доҳа баргузор шавад.” Амрико чанд моҳ аст, саъй дорад бо гуфтугу бо Толибон онҳоро ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон моил кунад.

XS
SM
MD
LG