Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути як ҳавопаймои хурд дар Қазоқистон: ду кас ҷон бохт


Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон хабар додааст, ки дар натиҷаи суқути як ҳавопаймои хурд дар вилояти Қарағанда ду кас ҷон бохт.

Ба огаҳии кумита, ҳавопаймои навъи FK14 Полярис бо ду ҳайати экипаж 21 апрел, ҳангоми фурудоӣ дар фурудгоҳи Балапан суқут кардааст.

Дар иттилоияи кумита омадааст, ки Идораи тафтишотии Вазорати саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон санҷиши ҳодисаро оғоз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG