Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои корҳои иктишофӣ дар кони урани Қирғизистон комиссияи ҳукумати ташкил шуд


Дар Қирғизистон барои анҷоми корҳои иктишофӣ дар кони урани ноҳияи Тон комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд.

Ба ҳайати комиссияи зери раҳбарии раиси Кумитаи саноат, энергетика ва истифодаи захираҳои зеризаминии Қирғизистон Эмил Осмонбетов вазирон, намояндаи ҳукумати ин кишвар дар вилояти Иссиқкӯл ва раиси ноҳияи Тон шомил шудаанд.

Бино ба иттилои Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҳайати комиссия 20 апрел бо кони уран шинос гаштанд.

Ба гуфтаи яке аз аъзои комиссия Майрамқул Қидиралиева, дар кони уран танҳо корҳои иктишофӣ ҷараён дорад.

Ба огаҳии Кумитаи саноат, энергетика ва истифодаи захираҳои зеризаминии Қирғизистон, барои коркарди кон 18 ноябри соли 2010 иҷозатнома дода шудааст ва он то 31 декабри соли 2020 амал мекунад.

XS
SM
MD
LG