Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати се филм аз Тоҷикистон дар ҷашнвораи “Вориш”


Намое аз филми “Нолаи танбӯр”
Намое аз филми “Нолаи танбӯр”

Се филм аз номи Тоҷикистон дар нуҳумин даври ҷашнвораи байнулмилии “Вориш” дар Бобули Эрон намоиш дода мешаванд.

Бино бар барномаи ҷашнвора, филмҳои “Нолаи танбӯр”-и Аниса Собирӣ, “Даре ба сӯйи Худо”-и Маъруф Ноёфт ва “Ҳаморзуӣ – шавқи дидани Помир”-и Брайан Матт, Морган Мончад ва Сифей Вера дар он ба намоиш хоҳанд даромад.

Мавзӯи тоҷикӣ ҳамчунин дар як асари филмсозони Афғонистон аз меҳвари ҷашнвора хоҳад буд, ки “Симфонияи даврони Толиб Шаҳидӣ” ном дошта, ба зиндагӣ ва корномаи ин оҳангсози маъруфи тоҷик бахшида шудааст.

Ҷашнвораи “Вориш” вижаи кишварҳои ҳошияи Дарёи Хазар ё Баҳри Каспий буда, сола як бор дар яке аз шаҳрҳои шимоли Эрон баргузор мешаввад.

XS
SM
MD
LG