Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OCCRP: Коломойский аз Украина $5,5 миллиард баровардааст


Хабарнигорони Маркази таҳқиқоти фасод ва ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) навиштанд, ки олигархи украинӣ Игор Коломойский ва шарики тиҷории ӯ Геннадий Боголюбов тақрибан $5,5 миллиард долларро тавассути як ширкати мутааллиқ ба "ПриватБанк"-и Украина дар Кипр ба берун баровардаанд.

"ПриватБанк" танҳо бонкест, ки барои ташкили ширкат дар хориҷ иҷоза дорад. Дар Бонки Миллии Украина гуфтаанд, натавонистанд гум шудани ин миқдор пулро "мушоҳида кунанд".

Мақомоти Кипр гуфтаанд, ба хотири мақоми махсуси ширкат дар бораи интиқоли пули зиёд ба Украина хабар надоданд.

Моҳи марти соли гузашта раиси собиқи Бонки миллии Украина Вера Гонтарева дар бораи 5,5 миллиард доллар гап зада буд. Аммо он вақт Коломойский ҳамаи иттиҳомотро рад кард ва гуфт, мақомот ба "ПриватБанк" дастрасии пурра доранд.

"ПриватБанк" соли 1992 ташкил шудааст. Коломойский беш аз 40 дар сади саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр дошт ва яке аз моликони асосии он ба шумор мерафт.

Коломойский дар мухолифат бо президенти кунунии Украина Петро Порошенко қарор дорад.

Моҳи декабри соли 2016 ҳукумати Украина ва раиси пешини Бонки Миллии он кишвар қарор карданд, ки бонк сад дар сад давлатӣ шавад. Онҳо мақомоти бонкро барои ба роҳ додан ба камбудиҳо айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG