Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифон ва тарафдорони Вучич дар Сербистон


Ҳазорҳо нафар рӯзи 19-уми апрел дар Белград, пойтахти Сербистон, алайҳи Александр Вучич, раиси ҷумҳури ин кишвар роҳпаймоӣ карданд. Чанд ҳафта боз тазоҳурот зидди ҳукумати Вучич дар Белград давом дорад ва пулис маркази шаҳрро бастааст. Дар ҳамин ҳол, тарафдорони Вучич низ аз минтақаҳои гуногун ва ҳатто аз кишварҳои ҳамсояи Сербистон, ба монанди Босния ва Косово, бо мусофирбарҳо ба шаҳри Белград рафтаанд. Рӯзе пеш тазоҳургарон дар назди бинои порлумони Сербистон ҷамъ шуда буданд ва чархболҳо дар фазои шаҳр парвоз мекард. Эътирозгарон мегӯянд, Александр Вучич пояҳои демократияро дар Сербистон заиф кардааст.

XS
SM
MD
LG