Вазорати адлияи Амрико мегӯяд, нусхаи ихтисоршудаи таҳқиқоти Роберт Мюллер дар мавриди "дахолат"-и Русия дар интихоботии Амрико дар соли 2016, рӯзи 18-уми апрел дар ихтиёри умум қарор хоҳад гирифт.
Вилям Барр, додситони кулли Амрико (вазири адлияи он кишвар) дар авохири моҳи март номаи кӯтоҳе дар бораи таҳқиқоти Роберт Мюллер, мушовири вижа дар мавриди эҳтимоли ҳамкории ситоди интихоботи Доналд Трамп бо Русия дар интихоботи президентии соли 2016, ба Конгресс ирсол кард.
Дар ин нома гуфта шудааст, "нишонаҳое барои таъйиди ҳамкории ситоди интихоботии Трамп бо ҳукумати Русия дар даст нест". Дар ин нома ҳамчунин омадааст, "ин гузориш (гузориши Мюллер) ба ин натиҷа нарасидааст, ки раиси ҷумҳур муртакиби ҷурм шудааст, дар айни замон ӯро сафед ҳам накардааст".
Чанд соат пас аз нашри ин гузориш, раисони чанд комиссияи Маҷлиси Намояндагони Амрико хостори дарёфти матни комил ва чопии гузориши таҳқиқотии Мюлер шуданд. Рӯзи душанбеи 15-уми апрел сухангӯи вазорати адлияи Амрико эълом кард, ки нусхаи чопшудаи гузориши Мюллер, ҳам дар ихтиёри Конгресс қарор хоҳад гирифт ва ҳам дар ихтиёри умум.
Демократҳои Конгресси Амрико гуфтаанд, хулосаи вазорати адлия кофӣ нест ва дар айни ҳол ибрози нигаронӣ кардаанд, ки Вилям Барр, ки ахиран ба унвони вазири адлия интихоб шуд, баъзе маълумотҳоро пинҳон доштааст, ки мумкин аст, паёмадҳои манфӣ барои раиси ҷумҳур дошта бошад.
Ненси Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико аз Ҳизби демократ ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, ӯ аз ин бобат ва амалкарди Барр дар робита ба гузориши Мюллер, "амиқан дучори нигаронӣ" шудааст. Нанси Пелоси ҳамзамон гуфтааст, эътимоде ба Вилям Барр надорад, аммо ба Роберт Мюлер бовар дорад.
Доналд Трамп аз сӯи дигар, як ҳафта пеш таҳқиқот дар мавриди ҳамкории эҳтимолӣ байни ситоди интихоботиаш ва Русияро "талош барои кудато" хонд ва гуфт, ки ин ҳама талошҳо, барои тахриби шахсияти президент буданд.
Вазири адлияи Амрико низ авоили ҳафтаи гузашта дар нишасте дар Сенат гуфт, ба эътиқоди ӯ аз корзори интихоботии Доналд Трамп "ҷосусӣ шуда" ва бо таҳқиқот дар мавриди иқдомоти Русия дар интихоботи соли 2016 низ дуруст бархӯрд нашудааст.
Оқои Барр дар нишасти худ бо сенаторҳо дақиқан шарҳ надод, манзураш аз "ҷосусӣ" чист ва далелу санаде низ дар ин маврид пешниҳод накард.
Доналд Трамп қаблан чунин иттиҳомотро рад карда буд. Вазири адлияи Амрико баъд аз он зоҳиран аз изҳороти аввалияти худ дурӣ ҷуст ва гуфт, мутмаин нест, ки амали иштибоҳе рух додааст.