Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли интихобии 14 нафар дар як шоҳроҳи Покистон


Дар Покистон
Дар Покистон

Дар натиҷаи ҳамлаи ғофилгиронаи гуруҳе аз афроди номаълум ба як автобус дар Покистон 14 нафар кушта шудаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, мардони мусаллаҳ рӯзи 18-уми мусофирони автобусеро, ки аз шаҳри Карочӣ ба Гвадар мерафт, аз автобус фаровардаанд. Сипас ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса ному насабашонро пурсида, интихобӣ чанд нафарро куштаанд.

Сабабҳои қатли ин афрод маълум нест. Зуҳур Буледӣ, як мақоми расмӣ дар Покистон ба Радиои Машъал гуфт, ки ҳодиса дар шоҳроҳи Макрон рух додааст. Касе то кунун масъулияти ҳамларо бар уҳда нагирифтааст, вале дар минтақаи Балучистони Покистон ҷудоиталабону ва ифротгароёни исломӣ амал мекунанд.

XS
SM
MD
LG