Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раҳбари ваҳҳобиҳо"-и Узбекистонро ба маҳбаси сукунатӣ бурданд


Имоми пешини масҷиди "Хоҷа Нуриддин"-и шаҳри Тошканд Руҳиддин Фахриддинов рӯзи 16-уми апрел аз маҳбаси Чирчик ба зиндони сукунатии Зангиота бурда шуд. Фахриддинов ба ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва сӯиқасд ба ҷони президенти нахустини Узбекистон айбдор аст. Ӯ ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.

Раҳима Аҳмадалиева, ҳамсари Фахриддинов, гуфт, умед доштанд, ки шавҳарашро озод мекунанд. Вале мақомот ӯро ба маҳбаси сукунатии Зангиота фиристодаанд. Ба гуфтаи Абдуллоева, то поёни муҳлати ҷазои шавҳараш 4,5 сол мондааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон гуфт, Руҳиддин Фахриддинов раҳбари чанд гуруҳи экстремистӣ, аз ҷумла "Ваҳҳобия" буд ва солҳои 90-ум гӯиё мехостанд, дар Узбекистон давлати исломӣ таъсис диҳанд. Вале наздиконаш робитаи ӯро бо гуруҳҳои экстремистӣ рад мекунанд. Руҳиддин Фахриддинов писари вазири пешини кишоварзии Узбекистони Шӯравӣ - Фазлиддин Фахриддинов аст.

Фахриддинов аз соли 1992 то 1997 имоми масҷиди "Хоҷа Нуриддин" буд ва ба гуфтаи дӯстонаш, соли 1997 дар пайи фишори мақомот маҷбур шуд, аз имомӣ даст кашад. Дертар ӯ ба Қазоқистон рафт ва соли 2005 дар ҳамон ҷо датсгир шуд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ Руҳиддин Фахриддиновро зиндонии сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG