Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиреҳи дигар дар мубоҳисаи Порошенко ва Зеленский


Зоҳиран дар мубоҳисаи ду номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар Украина дигарбора гиреҳи дигаре пайдо шуд. Акнун ду тараф дар бораи вақти оғози мубоҳиса ба мувофиқа нарасидаанд.

Олег Медведев, сухангӯи раиси ҷумҳур Петро Порошенко, шоми 16-уми апрел гуфт, раиси ҷумҳур дар мубоҳисаи рӯзи 19-уми апрел ширкат намекунад, зеро рақибаш Володимир Зеленский пешниҳоди мубоҳиса аз соати 4 то 6-ро рад кардааст. Интизор меравад, ки мубоҳиса дар Варзишгоҳи Олимпӣ дар Киев сурат бигирад.

Ситоди интихоботии Зеленский, ҳаҷвнигори шинохта хабари мубоҳисаро ҳануз тасдиқ накардааст. Чанд соат Олег Медведев эълон кард, ки намояндагони ҳарду номзад бо варзишгоҳ қарордоди баргузории баҳс дар рӯзи 19-уми апрелро имзо кардаанд, вале афзуд, тарафҳо шеваи мубоҳисаро баррасӣ мекунанд.

Ба қавли ӯ, ду тараф шеваҳои гуногуни баҳсро пешниҳод кардаанд ва тарафи Зеленский хостааст, ки мубоҳиса соати 7 бегоҳ шуруъ шавад.

XS
SM
MD
LG