Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф дар остонаи даври нави гуфтугӯҳои Сурия ба Димишқ рафт


Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон дар остонаи даври нави гуфтугӯҳои Сурия ба шаҳри Димишқ рафт. Қарор аст, ҳафтаи оянда дар Қазоқистон барои танзими низои ҳаштсолаи Сурия гуфтугӯ баргузор шавад.

Дар мақомоти Сурия омадааст, ки Зариф ва Башор Асад рӯзи 16 апрел "давраи нави гуфтугӯҳо ва аҳамияти муколамаи доимии Димишқу Теҳрон", - ро баррасӣ кардаанд.

Эрону Русия шарикони аслии Асад ҳастанд. Ҳамроҳ бо Туркия, ки аз гуруҳҳои шӯришӣ ҳимоят мекунад, ин се кишвар гуфтугӯҳои Остонаро барои қатъи низои Сурия ташкил карданд.

Даври нави гуфтугӯҳо қарор аст, рӯзҳои 25-26 апрел доир шавад.

Эрону Русия дар тамоми тӯли ҷанги Сурия - аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ - ба ҳукумати Асад кумаки низомӣ расондаанд. Туркияву ИМА гуруҳҳои мухталифи шӯриширо ҳимоят мекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

"Чаро касе аз "бокирагӣ"-и писарон намепурсад?" Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00
XS
SM
MD
LG