Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Эрдуғон хост, дар Истанбул интихобот аз нав баргузор шавад


Ҳизби ҳокими адолат ва рушди Туркия, ки раҳбараш президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст, ба Комиссияи олии интихоботии ин кишвар шикоят бурда, хостори бекор кардани ҳамаи натиҷаҳои интихоботи шаҳрдори Истанбул шуд.

Муовини раиси ин ҳизб Алииҳсон Ёвуз гуфт, ҳангоми баргузории интихоботи шаҳрдори Истанбул "қонуншиканӣ ва сохтакорӣ" шудааст. Агар Комиссияи олии интихоботӣ шикояти ҳизби ҳокимро қонеъ кунад, интихоботи шаҳрдори Истанбул дубора 2 июни соли равон баргузор мешавад.

Интихоботи шаҳрдорҳо дар Туркия 31 март баргузор шуд. Пас аз интихобот ҳизби ҳоким дар робита ба ҳисоби варақаҳои оовздиҳӣ дар Истанбул чанд шикоят кард. Комиссияи олии интихоботии Туркия баъзе аз ин шикоятҳоро қонеъ карда, дар чандин ҳавза варақаҳои оовздиҳиро дубора шумурданд.

Бино ба иттилои пешакӣ, дар интихоботи шаҳрдори Истанбул номзади Ҳизби мухолифи халқӣ-ҷумҳуриявии Туркия Акрам Имомоғлу аз номзади ҳизби ҳоким чанд ҳазор оовзи бештар ба даст овардааст.

Дар интихоботи шаҳрдори Анқара, пойтахти Туркия номзади мухолифон Мансур Явош беш аз 50 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG