Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳрими Лоя Ҷирга аз тарафи се сиёсатмадори шинохтаи афғон


Раҳматулло Набил, раиси собиқи Раёсати амнияти миллии Афғонистон.

Чанд нафар аз сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат дар Афғонистон мегӯянд, дар ҷамъомади тақрибан 2500 сиёсатмадору қабиласолор ва раҳбарони қавмҳову рӯҳониёни бонуфузро, ки мусолиҳа бо Толибонро баррасӣ мекунанд, ширкат намеварзанд.

Ҳаниф Атмар, мушовири собиқи амнияти миллӣ, Раҳматулло Набил, раиси собиқи Хадамоти истихборотӣ ва Аҳмад Валӣ Масъуд дар ин бора рӯзи 15-уми апрел хабар доданд. Ин се сиёсатмадори шинохта мегӯянд, ки ҳукумати раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ, ки ҷаласаи Лоя Ҷиргаро баргузор мекунад, бо онҳо дар ин бора машварат накардааст. Ҷаласа рӯзи 29-уми апрел баргузор мешавад.

Бисёре аз сиёсатмадорони афғон аз Ашраф Ғанӣ дилсард шудаанд, чун ба қавли онҳо ҳукумат онҳоро аз талошҳо барои хатми ҷанг дар Афғонистон ва аз ҷумла гуфтугуҳо бо Толибон канор задааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо гуфтугуҳо бо Толибон саъй дорад, онҳоро ба музокирот бо ҳукумати Афғонистон мойил кунад.

Қарор аст, даври дигари гуфтугуҳо охири ҳамин моҳ дар Қатар сурат бигирад. Толибон ҳукумати Афғонистонро “дастнишонда”- и Ғарб номида ва аз музокирот бо намояндагони он сарпечӣ мекунанд. Ҳукумат гуфтааст, ки ҳайати он дар гуфтугуҳои рузи 19-уми апрел дар Доҳа ҳузур хоҳад дошт.

Гузоришҳои видеоӣ

Сел дар деҳаи "Асбоб" дар ноҳияи Турсунзода
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:50 0:00
XS
SM
MD
LG