Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Меркел хостанд, ба Ҷеенбеков бигӯяд, ки ...


Сооронбой Ҷеенбеков
Сооронбой Ҷеенбеков

Қарор аст, Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон имрӯз бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон мулоқот кунад. Дар ин зимн ҳомиёни ҳуқуқ аз Ангела Меркел даъват кардаанд, аз раиси ҷумҳури Қирғизистон бихоҳад, ки вазъи ҳуқуқи инсонро беҳтар кунад.

Сооронбой Ҷеенбеков, ки соли 2017 ба қудрат расид, бори аввал аст ба Олмон сафар мекунад ва ҳадафи сафараш ҷалби кӯмаки Олмон барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Қирғизистон аст. Дидбони Ҳуқуқи Башар, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ рӯзи 12-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ аз Ангела Меркел тақозо кард, ки риояти ҳуқуқи инсонро бо раҳбари Қирғизистон дар миён бигузорад.

Дар баёния омадааст, “Раҳбарони Олмон, бояд фишор ба Ҷеенбековро ҳамчунон идома диҳанд, то мушкилоти давомдори ҳуқуқи инсонро ҳал кунад.” Дар баёния гомҳои мусбати давлати Қирғизистон аз ҷумла рад шудани қонун дар бораи “маъмури хориҷӣ” номидани созмонҳори ғайриҳукуматиро зикр кардаанд.

Айни замон қазияи Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқеро гӯшзад кардаанд, ки ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар соли 2010 ноодилона ба зиндон маҳкум шуд. Аскаров баъди муноқишаҳои хунини байниқавмӣ дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндонӣ шуд ва Созмони Милал мегӯяд, ки ӯро худсарона боздошт ва шиканҷа ҳам кардаанд.

XS
SM
MD
LG