Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии роҳҳои ҳалли муноқишаи Кӯҳистони Қаробоғ


Нишастҳои пешини гуруҳи Минск

Вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон дар Маскав гуфтугуҳоро дар бораи ҳалли муноқиша дар вилояти ҷудоихоҳи Куҳистони Қаробоғи Озарбойҷон оғоз карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар изҳороте гуфт, музокирот миёни Заҳроб Миносокиён ва Элмар Мамадёров зери сарпарастии вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор ва “ба ҳалли масъалаи баҳсбарангези Кӯҳистони Қаробоғ бахшида мешавад”.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Миносокиён ва Лавров барвақти рӯзи 15 апрел дар Маскав вохӯрии як ба як доштанд. Игор Попов , Стефан Висконти ва Андри Шофер - ҳамраисони Русия, Фаронса ва ИМА дар Гурӯҳи Минск дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки барои ёфтани роҳҳои ҳалли муноқиша таъсис дода шудааст, дар мулоқот ширкат доранд.

Кӯҳистони Қарабоғ, ки дар он асосан арманиҳо зиндагӣ мекунанд, баъди ҷангҳои соли 1998-94 истиқлолияти худро аз Озарбойҷон эълон кард. Дар ин ҷанг тақрибан 30,000 нафар ҷон додаанд ва садҳо ҳазор нафар бехонаву ҷой шудаанд.

Вилояти мазкур аз соли 1994 ба ин тараф таҳти назорати нерӯҳои арманӣ мебошад ва Боку мегӯяд, дар сафи онҳо нируҳои Арманистон низ ҳастанд. Ҳеҷ кишваре истиқлоли Куҳистони Қарабоғро эътироф накардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 19-уми апрели соли 2019
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG