Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи тамосҳо аз Тоҷикистон ба Русияро боз боло бурданд


Баъзе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон нархи тамосҳо бо Русияро боз ҳам афзоиш додаанд. Ширкати "Мегафон" рӯзи 12-уми апрел расман эълон кард, ки нархи як дақиқаи гуфтугӯ бо Русия (бо назардошти ҳамаи андозҳо) 1 сомониву 25 дирам аст. Қаблан ин нарх ба 1 сомониву 20 дирам баробар буд.

Масъулони ширкати "Мегафон" гуфтанд, бозбинии нархи тамосҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Русия, бар асоси қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ сурат гирифтааст, ки моҳи марти имсол қабул шуда буд. "Нархномаи нав аз 16-уми апрел ба иҷро медарояд", - гуфтанд дар ширкати "Мегафон".

Ширкатҳои дигари мухобиротии Тоҷикистон аз тағйирот дар нархи гуфтугӯ ва интернети мобилӣ хабар надодаанд. Дар ширкати "Тселл" гуфтанд, ки ҳоло нархи як дақиқа гуфтугӯ бо Русия барои муштариёнашон як сомониву бист дирам аст.

Моҳи марти имсол Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ хост, ки нархи интернети мобилӣ ва гуфтугӯи дохиливу байналмилалӣ, аз ҷумла тавассути НҶН-ро боло баранд.

Кумитаи андози Тоҷикистон аз ин тасмими Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳимоят карда, онро барои ҷамъоварии молиёт ва "ҳифзи амнияти кишвар" муҳим шумурд. Аммо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин қарорро нодуруст хонда, ба бозбинии он даъват карданд.

Музокироти масъулони ширкатҳои мобилӣ бо мақомоти Хадамоти зиддимонополӣ ҳафтаҳои охир идома дошт ва натиҷаи ниҳоии он эълон нашудааст. Қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ бояд дар нимаи дувуми моҳи март амалӣ мешуд, аммо ба далели идома ёфтани музокирот ба иҷро надаромада буд.

XS
SM
MD
LG