Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Тбилиси пас аз эътирози таксиронҳо фармони худро бекор кард


Пас аз як намоиши эътирозии таксиронҳо шаҳрдори Тбилисӣ қарори худро, ки ҳамаи таксиҳо бояд ранги сафед дошта бошанд, бекор кард.

Рӯзи панҷшанбеи 11-уми апрел ронандагони таксии пойтахти Гурҷистон-шаҳри Тбилиси, бо сару садои баланд рафтуомади нақлиётро душвор карданд.

Иштирокчиёни ин чорабинӣ аз он нороҳат буданд, ки бо фармони мири Тбилиси Каха Каладзе мошинҳои такси бояд ба ранги сафед буда, барои ҷалби таваҷҷуҳи муштариён дар рӯяшон эълон дошта бошанд. Таксиҳое, ки чунин дастурро иҷро накардаанд, имкон хоҳанд дошт, ки фақат дар хадамоти таксии мобилӣ ба мисли Яндекс ва Болт ифои вазифа намоянд.

Дар пайи эътироз мири Тбилиси мувофиқат кард, ки сафед кардани ранги таксиҳо ҳатмӣ набошад ва онҳо бо часпонидани эълонҳои сафед кифоят кунанд.

XS
SM
MD
LG