Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоягузори амрикоӣ дар Русия то июл дар ҳабси хонагӣ мемонад


Майкл Калви

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи Маскав рӯзи 12-уми апрел ҳукми ҳабси хонагии Майкл Калви, сармоягузори амрикоиро то 14-уми июли имсол дароз кард.

Калви 11-уми апрел аз боздоштгоҳ раҳо ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.

Додгоҳ талаби вакилони мудофеи Майкл Калвиро дар мавриди озодии ӯ бо пардохти гаравпулӣ (васиқа) ё бо шарти берун нарафтан аз Маскав рад намуд.

Калвии 51-сола ва панҷ нафари дигар рӯзи 15-уми феврали имсол дар Маскав дастгир шуданд. Соҳибкор расман ба қаллобӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам мешавад.

Ба фарзияи тафтишот, Калви барои дуздии 2,5 миллиард рубл як нақшаи қаллобӣ таҳия кард. Худи соҳибкор иттиҳомро рад мекунад. Қаблан Майкл Калви дар додгоҳ иттиҳомро ба низои дохилӣ дар байни ӯ ва узви шӯрои мудирони ширкати Baring Vostok рабт дода буд.

Ҳабси Майкл Калвиро дар Амрико дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Раҳбарони се маҳбаси Тоҷикистон иваз шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00
XS
SM
MD
LG