Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон сарвазирро барои баҳонаҷӯиҳояш сарзаниш кард


Дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон.
Дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон.

Ҳукумати Қирғизистон аз натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2018 дар порлумон ҳисобот дод.

Олтинбек Сулаймонов, раиси ҷиноҳи порлумонии "Бир бол" сарвазир Муҳаммадқулӣ Абилғозиевро барои такрор кардани посухҳояш танқид кард. "Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, ҳамоно "бояд анҷом шавад", "зарур аст, ки анҷом шавад". Кай? Кай анҷом медиҳед?", - тааҷҷуб кард Сулаймонов.

"Мо ҳамин ҳоло анҷом медиҳем", - гуфт сарвазир.

"Дида намешавад. Рушди ММД дар ҳаҷми 3,5% - ин муваффақият нест. 60-70 дарсади иқтисод дар соя аст. Рушди ММД-ро мумкин аст, тезонид, агар бо қонуншиканҳо муборизаи воқеӣ бурда шавад. ММД мумкин аст, ба рушди 30% расад. Фақат бояд аз соя берун оварда шавад", - гуфт Сулаймонов.

"Ман бо шумо мувофиқам. Гап дар бораи он ки чи гуна ба ин ноил шудан мумкин аст. Дар ҳамин нуқта назарҳои мо аз ҳамдигар фарқ мекунад", - посух дод Абилғозиев.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 20 апрели соли 2018 сарвазир таъйин шуд. Ҳукумати пешин бо сарвазирии Сафар Исҳоқов аз сӯи порлумон пароканда эълон гардида буд.

XS
SM
MD
LG